Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот сохта шудааст, 6345 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебогии дигар зам мекунад.
Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.
Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудаанд.
Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.
Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Унҷӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони иншооти ҷашнӣ марҳила ба марҳила идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳ мумфарш карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён беш аз сад иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор маҷмааи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд






