Аз Чин ба Тоҷикистон 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад

Апрель 20, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст, ки  150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и Чин ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад. Дар ин бора  сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда,  пас аз омода шудани ваксинаҳо  он ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бояд гуфт, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (COVAX) қисми якуми ваксинаи «AstraZeneca» (Бритонияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон) дар ҳаҷми 192  ҳазор воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ 22 марти соли 2021 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид ва  шурӯъ аз 23 марти соли равон иммунизатсия зидди сирояти бемории коронавирус байни кормандони тиббии шаҳри Душанбе оғоз шуд.

-То имрӯз 36 ҳазору 190 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён  ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд,- гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи мавсуф, инчунин  дар назар аст, ки ваксинаи «Спутник V» – и Россия ба Тоҷикистон  ворид карда шавад. Тибқи нақша, 6 миллиону 714 ҳазор нафар аҳолии мамлакат бояд бо ваксина фаро гирифта шаванд.

АКС: br.vida-estilo.yahoo.com

Апрель 20, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст