Ба донишҷӯён аз Тоҷикистон барои бозгашт ба Россия ҷиҳати таҳсили рӯзона иҷозат дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, иҷозат доданд, ки ҷиҳати идомаи таҳсил дар шакли рӯзона ба Россия баргарданд. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия хабар додааст.
Дар хабари Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия омадааст, ки боз аз панҷ кишвари дигар донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар мактабҳои олии Россия идома бидиҳанд.
«Мутобиқи фармоиши Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2021 донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, шунавандагони факултаҳои омодасозӣ аз Венесуэла, Германия, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ҷиҳати идомаи таҳсил ба Россия бозгарданд», — зикр шудааст дар хабар.
Ҷиҳати таҳсил ба Россия танҳо шаҳрвандони кишварҳое, ки Роспотребнадзор онҳоро ҳамчун кишвари дорои вазъияти эпидемиологии бехатар тавсия додааст, метавонанд ворид шаванд.
Қоидаҳои воридшавӣ
Пештар хадамоти матбуоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия иттилоъ дода буд, ки дар пасманзари пандемия вазорат қоидаҳои вуруди донишҷӯёни хориҷиро, ки дар Россия таҳсил мекунанд, таҳия намудааст.
Пеш аз мусофират ба Россия донишҷӯёни хориҷӣ бояд на камтар аз 10 рӯз қабл тавассути почтаи электронӣ донишгоҳро дар бораи санаи убури марз огоҳ кунанд, пас аз фиристодани мактуб, дар бораи воридшавӣ ба почтаи электронии донишҷӯ маълумот фиристода мешавад. Донишҷӯ на пештар аз се рӯзи тақвимӣ то ба Федератсияи Россия омадан бояд бо истифода аз усули ПТР аз озмоиши тестӣ ҷиҳати муайян намудани COVID-19 гузарад ва агар натиҷаи он манфӣ бошад, санади дахлдорро бо забони русӣ ё англисӣ дар кишвараш бигирад.
Давоми 72 соат пас аз ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия, донишҷӯёни хориҷӣ бояд аз озмоиши тестии такрории ПТР гузаранд. То замони дарёфт намудани натиҷаи санҷиши тестӣ онҳо бояд режими худмаҳдудкуниро дар ҷои истиқоматашон риоя кунанд. Дар давраи худмаҳдудкунӣ таҳсил дар шакли онлайн сурат мегирад, бидуни санҷиши тестии дуюм донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсили рӯзона роҳ дода намешаванд.
Агар дар давраи худмаҳдудкунӣ нишонаҳои аввалини бемории шадиди роҳҳои нафас пайдо шаванд, масалан, баланд шудани таб, дарди гулӯ, резиши оби бинӣ, сулфа, дар ин ҳолат донишҷӯ бояд фавран ба донишгоҳ хабар диҳад ва духтур даъват кунад.
АКСИ: © Кирилл Кухмар/ТАСС








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






