Ба шарафи Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон таҷдид мешавад
ХУҶАНД, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хуҷанд дар доираи корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон таъмиру таҷдид карда мешавад.
Тавре аз Раёсати ободонии шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкилоти маҳаллии сохтмонӣ бо риояи тамоми талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ корҳои таъмиру ободониро моҳи апрел оғоз ва идома медиҳанд.
«Қарор аст, ки муҷассамаи ёдгории оташи абадӣ ва навиштаҷоти болои он сафед ва ранг карда шаванд. Сафолакҳои роҳравҳои он таҷдид ва худи роҳравҳо васеъ карда шуда, дар ин мавзеъ чароғҳои нави рӯшноидиҳанда насб мегарданд. Ҳамчунин шохҳои дарахтон бурида ва ниҳолҳои нави ҳамешасабз ва гулҳои баҳорӣ шинонида мешаванд, курсиҳо рангмолӣ ва фаввора навсозӣ мегарданд. Корҳои таъмиру таҷдиди муҷассама бояд дар арафаи ҷашни Ғалаба ба итмом расанд», — хабар доданд аз шуъбаи ободонии шаҳр.
Ёдовар мешавем, ки Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва оташи абадӣ дар Хуҷанд бо мақсади ҷовидон гардонидани хотираи фарзандони ҷасури Ватан ба муносибати 30-солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ бар душман соли 1975 сохта шуда буд.
АКС аз Раёсати ободонии шаҳри Хуҷанд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






