«БАРОДАРОН, БА МОДАРИ ВАТАН ВАФО КУНЕМ!..». Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъват нақшаро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъват ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
«Ин бори аввал нест, ки ҷавонони ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар нахустин рӯзи даъват муждаи зафар мерасонанд. Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух ва Чоркуҳ дар хати марз қарор доранд ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад. Чорабиниҳои тантанавии гусели наваскарон нахуст дар деҳоти Ворух ва Чоркуҳ баргузор гардида, ҳамоиши тантанавии асосӣ дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳи хоса доир гардид», — зикр менамояд манбаъ.
Дар қатори даъватшавандагон ва волидони онҳо хурду бузурги Исфарамарз бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ба макони баргузории чорабинӣ сарҷаъм гардида буданд.
Таъкид карда шуд, ки дар рӯзи нахустин ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ нақшаро пурра таъмин намуда, бо ин кор ватандӯстии худро нишон доданд. Имрӯз ҷавонони сарбаланд ва баору номуси ҷамоатҳои зикршуда дарк мекунанд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҷавонмардӣ буда, ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияту осудагӣ мояи ифтихору шараф маҳсуб меёбад ва чуноне шоири шаҳири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ фармудааст:
Бародарон, ба модари Ватан вафо кунем!
Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Даъватшавандагон ва наваскарон дар чорабинии тантанвӣ сухан гуфта, бори дигар таъкид карданд, ки барои ҳимояи марзу бум ва ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол омодаанд ва дар иҷрои қарзи инсонии худ ҳамеша тайёр ҳастанд.
Руҳияи болида, омодагии ҷавонмардони шуҷоъ баҳри ҳифзи марзу бум ва Ватани азизамон касро мутмаин месозад, ки ҷавонони тоҷик дар роҳи таъмини амнияти миллату давлат бо ҳар қимате омода ҳастанд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Исфара













ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






