Беш аз 270 нафар кормандони низоми бонкии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома гардиданд

Апрель 22, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, назири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (ICA) лоиҳаҳои муҳим- давраҳои омӯзишии фосилавӣ  роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа 270 нафар кормандону мутахассисони низоми бонкии кишвар, ки 50 нафарашон кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ гардиданд.     

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба кормандони низоми бонкии мамлакат, ки дар БМТ доир гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи бахши молиявии кишвар, хусусан низоми бонкӣ арзи сипос намуд. Мавсуф зикр кард, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо БАТР барои дастгирии бахши молиявии кишвар якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Чорабинии имрӯза яке аз қисматҳои барномаи «Дастгирии маблағгузории савдо» буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона шуда, имкон фароҳам овард, ки 700 нафар намояндагони бахши молиявӣ ба омӯзиш ҷалб шаванд.  270 нафари онҳо соҳиби шаҳодатнома Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) гардиданд,-гуфт Ҳоким Холиқзода.

Дар баробари барномаи дастгирии маблағгузории савдо, БАТР дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс бо мақсади тақвияти фаъолияти низоми идораи хавфҳо ва комплаенс ба мутахассисони бахши молиявӣ идрорпулӣ (стипендия) муқаррар намуд, ки ба 23 нафар намояндагони 12 ташкилоти қарзии мамлакат  шаҳодатномаи Ассотсиатсияи Байналмилалии комплаенс оид ба мубориза бар зидди шустушӯи пул дар бахши савдо, «Муштарии худро бидон» ва «Санҷиши зарурии мизоҷ» супорида шуд, иброз дошт Ҳоким Холиқзода.

Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова ба роҳбарияти БМТ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ сипосгузорӣ  намуда, гуфт, ки дар оянда ҳамкории самарабахшро дар ин самт идома хоҳанд дод. Муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова иброз дошт: «БАТР чунин даварҳои омӯзиширо қаблан дар ташкилоти қарзии шарик роҳандозӣ намуда, минбаъд бо ташаббуси БМТ ин лоиҳа дар  Тоҷикистон дар амал татбиқ гардида, дар он намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок ва дар самти маблағгузории савдо маълумоти муфид ба даст меоранд, ки барои пешрафти низоми бонкии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард».

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд