Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир шуд

Апрель 15, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид, ки дар он 244 нафар довталаб иштирок намуданд.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур қаблан дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 1133 нафар устоду корманд, донишҷӯву магистр ва докторант баргузор шуда, 244 нафар ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд,  ки «эълон шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар идомаи он «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷониби Пешвои миллат сабаб гардид, ки мардуми тоҷик дубора рӯ ба китобу китобхонӣ оваранд».

Зикр шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав озмуни мазкур доир мегардад.

Озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт номина гузаронида мешавад:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

— физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ».

Ҳамчунин озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад.

«— даври якум — моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот;

— даври дуюм — моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;

— даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25 ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

Апрель 15, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад