Дар Душанбе Форуми аграрии «ТоҷБелАгро» доир гардид

Апрель 7, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ Форуми аграрии «ТоҷБелАгро» баргузор гардид.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода форумро ифтитоҳ намуда,  доир ба иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва самтҳои афзалиятноки он сухан гуфт.

Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко доир ба ҳамкорӣ, дурнамои ҳавасмандии ҷонибҳо дар соҳаи аграрӣ ва иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус изҳори назар кард.

Ҳамчунин дар Форуми аграрии «ТоҷБелАгро», ки дар доираи  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, меҳмонон- ҳайати комиссияи Беларус, соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки дар самти кишоварзӣ фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни Форум ба ҳозирин оид ба иқтидори соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он намоиши видеоӣ манзур гардид.

Акс аз Вазорати кишоварзии ҶТ

Апрель 7, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд