Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бахшида ба бузургдошти Мирзо Турсунзода маҳфили маърифатӣ доир шуд

Апрель 26, 2021 16:47

ШАМСИДДИН ШОҲИН, 26.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба 110-солагии мунодии сулҳ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин силсилабарномаҳои маърифатӣ ташкил намудааст, ки яке аз ин гуна барномаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 баргузор карда шуд. Дар он хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 7 доир ба ҳаёту фаъолияти ин фарзанди фарзонаи миллат сухан ронда, аз ашъри пурғановаташ шеърҳо қироат карданд.

Тавре иштирокчии барнома Машҳура Зокирзода иттилоъ дод, дастандаркорони маҳфил намоишгоҳи асарҳои шоирро ташкил намуда, расму овезаҳоро ба намоиш гузоштанд. Аз баромади хонандагон маълум буд, ки аз осори Мирзо Турсунзода бархурдоранд, зеро ҳар иштирокчӣ аз шеъру ғазал ва достонҳои шоир порчаҳо қироат мекард.

Зикр гардид, ки Мирзо Турсунзода ҳамчун муборизу тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои байналмиллалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ анҷом дода, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстии кишварҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир анҷом додааст. Дар натиҷаи сафарҳояш ба ин кишварҳо чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол  расида, Тоҷикистону мардуми онро  ба оламиён муаррифӣ кардааст. Шори маҳбуб дар рушди адабиёти тоҷик низ саҳми арзанда дорад.

Ба гуфти  корманди шуъбаи маорифи ноҳия Ҷурахон Наимов, бахшида ба 110-солагии шоир миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои гуногун ташкил карда шуда, дар ҳамаи мактабҳо гузаронида мешаванд.

Аксҳо аз бойгонӣ

Апрель 26, 2021 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад