ДАР СААД МЕХОҲАНД ВОҲИДИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУС ТАЪСИС ДИҲАНД. Намояндаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Москва маърӯза намуд

Апрель 21, 2021 12:18

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 20 апрел, дар Маркази вокуниши буҳронии СААД дар Москва вохӯрии кории роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД оид ба беҳтар намудани таъминоти тиббии неруҳои СААД (неруҳои дастаҷамъӣ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон.

Дар мулоқот роҳбари Сарраёсати ҳарбӣ-тиббии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия Дмитрий Тришкин, намояндагони Раёсати соҳавии Вазорати мудофиаи Россия ва Ситоди муштараки СААД ширкат варзиданд. Роҳбарони хадамоти тиббии вазоратҳои мудофиа ва сармутахассисони ҳарбӣ-тиббии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вохӯрӣ тавассути иртиботи видеоконфронсӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқот роҳбарони хадамоти тиббии кишварҳои узви СААД тартиби чорабиниҳои зиддиэпидемиявиро баробари расидан, дар машқҳои муштарак иштирок намудан ва бозгаштани қисмҳо муайян карданд. Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии умумии сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров инчунин масъалаҳои такомули таъминоти тиббии Неруҳои дастаҷамъии СААД баррасӣ шуданд.

Иштирокчиён ба муҳокима ва коркарди равишҳои ягонаи ташкили таъминоти тиббии қӯшунҳои (неруҳои дастаҷамъии) СААД ва таҳия кардани тавсияҳои методӣ оид ба ташкили таъминоти тиббии қӯшунҳои (неруҳои дастаҷамъии) СААД таваҷҷуҳи махсус доданд.

Роҳбари хадамоти тиббии Ситоди муштараки СААД, полковники хадамоти тиббӣ Иван Пчелников дар бораи ташкили дастаи муттаҳидаи тиббии таъйиноти махсус дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД ва дар таркиби он шомил кардани мутахассисони давлатҳои узви СААД маърӯза кард. Ба гуфтаи ӯ, ин дастаи тиббӣ метавонад ҳамчун воҳиди тиббӣ ва эвакуатсионӣ барои расонидани кумаки махсуси тиббӣ ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодаи иҷтимоӣ, табиӣ, техногенӣ ва биологӣ, инчунин маҷрӯҳон ва беморон дар ҷараёни иҷрои вазифаҳо аз ҷониби Неруҳои дастаҷамъии сулҳи СААД ба таври самаранок истифода бурда шавад.

Сардори Сарраёсати хадамоти тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти тиббӣ Умар Исломзода оид ба мавзӯи таъминоти тиббии машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД, ки соли 2021 баргузор мешаванд, маърӯза намуд (ДАР АКС).

Инчунин масъалаҳои воҳиди таъйиноти махсуси тиббӣ баррасӣ шуданд.

«Сардори хадамоти тиббии Ситоди муштараки СААД Иван Пчелников дар бораи ташаккули воҳиди тиббии таъйиноти махсус дар таркиби Неруҳои посдори сулҳи СААД маърӯза намуд. Вай зикр  кард, ки ин дастаи махсуси тиббӣ метавонад ҳамчун воҳиди тиббӣ — эвакуатсионӣ барои расонидани ёрии махсуси тиббӣ ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодаи гуногун, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморон ҳангоми иҷрои вазифаҳо бо иштироки Қувваҳои сулҳи дастаҷамъии СААД самаранок истифода бурда шавад»,-хабар дод котиби матбуоти ситод Владислав Шегрикович.

                       АКСИ: хадамоти матбуоти Ситоди муштараки СААД ва АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2021 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст