Дар шаҳри Норак Рӯзи даъватшавандаро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Апрель 2, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Дилшод Асозода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуд. Зикр гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар мегардад.

Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.

28 нафар ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омаданд, ҳамаашон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд.

Дар шаҳри Норак ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хосса насли ояндасози мамлакат пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешаванд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар маъракаҳои даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Норак аввалин шуда, нақшаро иҷро намуд.

Дар ҷамъбаст барои болидарӯҳии навдаъватон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертии иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳод гардид.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Апрель 2, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад