Дар Симиганҷи шаҳри Панҷакент ду меҳмонхонаи муосир ба истифода дода шуд

Сентябрь 16, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи хушобу ҳавои Симиганҷи шаҳри Панҷакент ду меҳмонхонаи муосир ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Меҳмонхонаҳо дар деҳаи Ғаззаи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонон ва дар ин замина рушд додани соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд. Яке аз меҳмонхонаҳо — «Рӯзрӯд» аз ҷониби соҳибкор Деваштич Шарифбадалов дар мавзеи хушобу ҳавои Симиганҷ, дар соҳили Рӯзрӯд бо тарҳи зебо барои 20 нафар бунёд гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар мавзеи Симиганҷ инчунин барои пазироии сайёҳоне, ки мехоҳанд дар хаймаҳо буду бош намоянд, ҷойи мувофиқ ва хаймаҳои замонавӣ муҳайё гардидаанд.

Дар меҳмонхонаи дигар, ки аз ҷониби мудири ширкати «Рӯзрӯд» Муродулло Латифов дар соҳили рости Рӯзрӯд бо тарҳи ҷолиб бунёд шудааст, 10 сайёҳ истироҳат намуда, аз гулмоҳӣ, ки дар инҷо дар ҳавзҳо парвариш карда мешаванд, истеъмол кунанд.

Дар деҳаи Ғазза, ки яке аз хатсайрҳои сайёҳӣ ба кӯҳҳои Фон аз тариқи он мегузарад, бо ифтитоҳи ин ду меҳмонхона шумораи онҳо ба чор адад расид. Дар ин меҳмонхонаҳо беш аз 60 нафар сайёҳону меҳмонон дар як вақт пазироӣ карда мешаванд. Дар иншооти сайёҳии деҳа 12 сокини деҳа соҳиби ҷойи кор шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 16, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд