Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии «Сада» шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Тавре аз хадамот матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии «Сада» шинониданд.
Имрӯзҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба сабзу хуррамгардонии муҳити атроф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ ҷараён дошта, дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, канори роҳҳои асосӣ ва саҳни ташкилоту идораҳо шинонидани дарахтони ороишиву мевадор ва сояафкан идома доранд.
АКС аз сомонаи МИҲД вилояти Суғд








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






