Доир ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи рушди грантии таҳсилоти олӣ ва барномаи грантии ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ ва замонависозии раванди омодакунии тарҷумонҳо дар Донишкадаи забонҳо чанд синфхона бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ба истифода дода шудааст. Умед аст устодон аз ин шароити муосир васеъ истифода намуда, шумораи зиёди ҷавонону наврасонро ба забономӯзӣ ҷалб намоянд. Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷило Гулназарзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ иброз намуд.
Дар донишкадаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори донишкада, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону дотсентон ва кормандони ВАО иштирок намуданд.
Ҷило Гулназарзода иброз дошт, ки “бо сабаби пешравии бемайлон техника ва технологияи инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз ҷумла таҳсилот аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсия зикр карданд, ки аз соли 2000 то инҷониб дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти чиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология барои солҳои 2007-2015 ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2015 қабул гардиданд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти инноватсионӣ ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2020 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсиониро муҳайё намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2025 қарор қабул намуда, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти касбиро вазифадор намуд, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав ба роҳ монанд.
Ҳамзамон ректори донишкада иброз намуд, дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр карда буданд, ки Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муассисаҳои томактабӣ шурӯъ карда, то зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ ва технологияи инноватсионӣ-иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монанд.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар мавзӯи «Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат» маърӯза намуда, иброз кард, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
“Донистани забонҳои хориҷӣ донистани таърихи миллатҳои дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Нисбат ба ин масъала солҳои охир талабот батадриҷ боло рафтааст. Бинобар таъкиди Пешвои миллат, мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардондани ҷомеаи имрӯза густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар фарди бинодил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш намояд”,-гуфт Нуралӣ Саидов.
Дар конференсияи мазкур зиёда аз 90 мақолаҳои илмии устодон, донишҷӯён, магистрантон ва докторантони (PhD) — и донишкадаву берун аз он дар мавзӯъҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳу усулҳои тадриси забонҳои хориҷӣ пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






