Доир ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд

Апрель 28, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи рушди грантии таҳсилоти олӣ  ва барномаи грантии ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ ва замонависозии раванди  омодакунии  тарҷумонҳо  дар Донишкадаи забонҳо чанд синфхона бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ба истифода дода шудааст. Умед аст устодон аз ин шароити муосир васеъ истифода намуда, шумораи зиёди ҷавонону наврасонро ба забономӯзӣ  ҷалб намоянд.  Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷило Гулназарзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ иброз намуд.

Дар донишкадаи мазкур  бахшида ба  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор  гардид. Дар кори конференсия ректори донишкада, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону дотсентон ва кормандони ВАО иштирок намуданд.

Ҷило Гулназарзода иброз дошт, ки “бо сабаби пешравии бемайлон техника ва технологияи инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз ҷумла таҳсилот аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсия зикр карданд, ки аз соли 2000 то инҷониб дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро  аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти чиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати мамлакат  дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи илм,  технология  барои солҳои 2007-2015 ва  бо мақсади ҳамоҳангсозии  фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ  «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2015 қабул гардиданд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти инноватсионӣ ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи соли 2020 ва  Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсиониро муҳайё намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2025  қарор қабул намуда, муассисаҳои олӣ  ва таҳсилоти касбиро вазифадор намуд, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав  ба роҳ монанд.

Ҳамзамон ректори донишкада иброз намуд, дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр карда буданд, ки Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот  аз муассисаҳои томактабӣ шурӯъ карда, то зинаҳои дигари таҳсилот  ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ  ва технологияи инноватсионӣ-иттилоотиро ташкил карда,  назорати қатъии  сифати таълимро  дар ин самт ба роҳ монанд.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар мавзӯи «Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз дидгоҳи  Пешвои миллат» маърӯза намуда, иброз кард, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

“Донистани забонҳои хориҷӣ донистани таърихи  миллатҳои дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Нисбат ба ин масъала солҳои охир талабот батадриҷ боло рафтааст. Бинобар таъкиди Пешвои миллат,  мо омӯзиш ва  аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки  бо мақсади маърифатнок гардондани ҷомеаи имрӯза густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар фарди бинодил бояд барои  ғанӣ гардидани забони  модарӣ ва  омӯхтани забонҳои  хориҷӣ кӯшиш намояд”,-гуфт  Нуралӣ Саидов.

Дар конференсияи мазкур зиёда аз 90 мақолаҳои илмии устодон, донишҷӯён, магистрантон ва докторантони (PhD) — и донишкадаву берун аз он дар мавзӯъҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳу усулҳои тадриси забонҳои хориҷӣ пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид