ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ» рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 апрел дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозиҳои худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё оғоз менамояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин аввалин иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин мусобиқаи бонуфузи Осиё аст, ки ҳарифи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Шабоб Ал-Аҳлӣ» аз давлати Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Бозии мазкур бо иштироки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Араб шаби 15 ба 16 апрел, соати 23:55 тариқи ТВ «Варзиш» мустақиман пахш мегардад.
Лигаи чемпионҳои АFC-2021
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
АГМК (Ӯзбекистон).
Даври 1-ум
15-уми апрел (панҷшанбе)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
Даври 2-юм
18-уми апрел (якшанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 3-юм
21-уми апрел (чоршанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 5-ум
27-уми апрел (сешанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 6-ум
30-юми апрел (ҷумъа)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






