ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бонувони ихтироъкори тоҷик соҳиби 20 медали тилло гардиданд!

Апрель 26, 2021 15:21

ДУШАНБЕ, 26.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  22 нафар ихтироъкори тоҷик соҳиби медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ /СҶМЗ/,13 нафар соҳиби  медали тиллои Идораи патентии Авруосиёгӣ барои  саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ,  26 нафар ихтироъкорон бо Нишони фахрии идораи патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ҳамзамон 47 ихтирои 37 нафар бонувони ихтироъкори тоҷик сазовори 18 медали тилло, ду медали тиллои Созмони ҷаҳонии молиякияти зеҳнӣ /СҶМЗ/, се медали Ассотсиатсияи ихтироъкорони кишварҳои Таиланд, Германия, Чин, 18 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ  Намоишгоҳи  байналмилалии занҳои ихтироъкори ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар он бонувони ихтироъкор ва навовари тоҷик, иштироки фаъол менамоянд.

Ин дар ҳолест,  ки имрӯз, 26 апрел мардуми сайёра Рӯзи ҷаҳонии  моликияти зеҳниро таҷлил менамоянд. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо кард. Ин муассисаи махсуси СММ мебошад, ки фаъолияташ ба рушдва дастрасӣ  ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ равона шудааст. Рӯзи моликияти зеҳнӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СҶМЗ моҳи сентябри соли 2000 таъсис дода шуда, аз соли 2001 таҷлил мегардад.

Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ -ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣва тамғаҳои хизматрасонӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба онҳо ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ медиҳанд,  28 майи соли 1993 таъсис дода шудааст.Аз солҳои аввали ташкили низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ Муассиса ба масъалаи рушди ихтироъкорӣ, илм ва инноватсия, ки асоси пешравии техникию иқтисодии давлатҳои мутараққии ҷаҳонро ташкил медиҳад, диққати аввалиндараҷа медиҳад.Моликияти зеҳнӣ ҷузъи таконбахши рушди иқтисодиёти миллӣ дар Тоҷикистон буда, Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешрафти соҳаи илму техника, инноватсия, навоварӣ ва ихтироъкорӣ  аҳамияти ҷидӣ медиҳад. Мусаллам аст, ки шохаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон дар тобеияти се вазорат амал менамояд. Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба зиммаи Вазорати фарҳанг ва  навъҳои нави растанӣ ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ вогузор гардидааст. Аз ҷониби се мақомот ҳуҷҷатҳо тариқи расмӣ ба қайди давлатӣ фиристонида шуда, пас аз гузаронидани расмиёти давлатӣ ба онҳо  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дода мешаванд.

Тавре дар суҳбат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода  гуфт, “дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Феҳристи давлатии ихтироъҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон 492 адад патент ва 1126 адад нахустпатент ба ихтироъ ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯи низоми Конвенсияи патентии АвруОсиёгӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви ин ташкилот аст, шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ин низом 28 патенти ин ташкилотро ба даст овардаанд. Аз рӯи низоми байналмилалии намунаҳои саноатӣ 569 адад намунаҳои саноатӣ, аз рӯи низоми миллӣ дар Феҳристи давлатӣ 102 адад намунаҳои саноатӣ  ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Дар самти низоми миллӣ  дар замони истиқлол 14 ҳазору  251 тамғаҳои миллӣ ва 54 ҳазору 676 адад тамғаҳо дар самти бақайдгирии байналмилалӣ  дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироати кишоварзии  Вазорати кишоварзии Тоҷикистон  ба 205 адад навъҳои нави растаниҳо шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер супорида шудааст”.

Мирзо Исмоилзода афзуд, ки аз солҳои аввали ташкили низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ Муассиса ба масъалаи рушди ихтироъкорӣ, илм ва инноватсия, ки асоси пешравии техникию иқтисодии давлатҳои мутараққии ҷаҳонро ташкил медиҳад, диққати аввалиндараҷа дода, барои рушди соҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ пайваста гузаронида мешаванд.Зарурати ташвиқу тарғиб, таъмини ҳифз ва ҳимояи боэътимоди моликияти зеҳнӣ, ки яке аз омилҳои асосӣ дар таъсири рушди иқтисодиёти кишвар мебошад, манфиатҳои миллиро дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотонии ҷомеа ва рушди соҳа равон намуда, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ нақши калидӣ мебозад.

Муассиса дар як давраи кӯтоҳ, дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотонии ҷомеа ва рушди соҳа  корҳои муҳим иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш қонуни соҳавӣ-қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», Дар бораи тамғаҳои молӣва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи топологияи микросхемаҳои интегралӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ва «Дар бораи ихтирооти махфӣ» мукаммал гардонида шуда,  мавриди амал қарор дода шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон14 феврали соли 1994 аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ /СҶМЗ/гардида,  ба 25 созишномаву шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ  дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.Моликияти зеҳнӣ  ҳамчун ҷузъи таконбахши иқтисодиёти миллӣ  дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида,дар ин самт тадбирҳо амалӣ  шуда истодаанд, то моликияти зеҳнӣ  дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ  мавқеи арзанда гузорад.

Мирзо Исмоилзода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувори рушди иқтисодиёт ба пешрафти соҳаи илму техника, навоварӣ  ва ихтироъкорӣ  аҳамияти ҷиддӣ  медиҳад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон борҳо дар Паёмашон ба Парлумони кишвар яке аз роҳҳои  рушди иқтисодиёти ҷумҳурирогустариши соҳаи моликияти зеҳнӣ  арзёбӣ  намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ  ва ҷорӣ  кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ  намудаанд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронияшон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 апрели соли равон доир гардид, аз дастовардҳои ихтироъкорону навоварони кишвар изҳори назар намуда, зикр намуданд, ки дастовардҳои олимону муҳаққиқон, ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ бештар дар рӯи коғаз монда,  қариб, ки дар истеҳсолот татбиқ намегарданд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба даст овардани ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ аз ҷониби ихтироъкор ё дорандаи ҳуҷҷати ҳифозатӣ  -шахси ҳуқуқӣ  ё воқеӣ,  ихтироъкор ё дорандаи он дар доираи қонунгузории ҷорӣ  метавонад ворисӣ  намояд,  ба каси дигар фурӯшад, ҳадя намояд ё ба таври оммавӣ  пешниҳоди ҷомеа гардонад.-Мақсади асосии ба даст овардани ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ  ба ихтироъ, пеш аз ҳама, онро дар истеҳсолот татбиқ намудан ва аз он фоида ба даст овардан аст. Вақте ки  ихтироъкор аз як ихтирои худ фоида ба даст меорад, боз кӯшиш менамояд, ки онро такмил диҳад ё дар тавлиди дигар ихтироъ саҳм гузорад. Албатта, имрӯз ихтироъкорони зиёде ҳастанд, ки пас аз гирифтани ҳуҷҷати ҳифозатӣ  дигар барои татбиқи он дар истеҳсолот кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ё умуман аз паси он намешаванд. Дар натиҷа ихтироъ дар рӯи коғаз монда, аз он самарае ба даст намеояд,- афзуд Мирзо Исмоилзода.

-Барои тавлиди як ихтироъ муаллифи он солҳо фаъолият менамояд, то ихтирои хубе ба даст оварда шавад. Дар ин раванд мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки дар танҳоӣ ихтироъкор наметавонад онро ҳал намояд, -мегӯяд Мирзо Исмоилзода.

Дар ин замина Муассиса мунтазам корҳои муайянеро барои пайваст намудани доираи олимони навовар ва ихтироъкори ҷумҳурӣ  ва фонду марказҳои махсус, ки фаъолияташон ба дастгирӣ  ва ҳавасмандкунии фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ  равона карда шудааст, идома дода истодааст. Дар ин раванд иттилоот оид ба озмунҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои муҳим аз сарчашмаҳои интернетӣ  ҷамъоварӣ  гардида, ба доираи навоварон ва ихтироъкорони ватанӣ  пешниҳод мегарданд. Аз ҷумла, муассиса ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли гузашта 2 ҳамоиш дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор намуд, ки ҳадафҳои он мусоидат ба амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи илм дар истеҳсолот аст.

Соли ҷорӣ  бо ибтикори Идораи патентии авруосиёгии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ  бо мақсади тарғиби низоми патентии авруосиёгӣ  ва фаъолияти Ташкилоти патентии авруосиёгӣ, инчунин дастгирии наврасону ҷавонони болаёқат ва болоравии рағбати онҳо ба дарки моликияти зеҳнӣ  ва фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ  Универсиадаи дуюми патентии авруосиёгии «Взгляд в будущее (Нигоҳ ба сӯи оянда)» баргузор мегардад, ки  ҳуҷҷатҳои 13 нафар наврасону ҷавонони кишвар барои иштирок дар Универсида ба Идораи патентии авруосиёгӣ  ирсол гардиданд.

Наврасону ҷавонони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ  бо пешниҳоди навоварию ихтироъҳои ҷолиби худ ду бор дар Универсиадаи патентии Авруосиёгии «Взгляд в будущее» иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Инчунин муассиса соли равон Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон- муҳаррики инноватсия» эълон кард, ки ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, дастгирӣ  ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ  ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ  шавқу рағбатдошта аст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади муаррифии дастовардҳои навоварон ва ихтироъкорони кишвар, дастгирӣ  ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон ва соҳибкорондар давраи истиқлол конфронси минтақавӣ,намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорон, «Форуми ихтироъкорон ва навоварон», Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», «Озмуни ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» баргузор мегарданд, ки ба рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ  мусоидат менамоянд. Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020»китоби дарсӣ-«Асосҳои моликияти зеҳнӣ»дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат чоп гардида, ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.

Мирзо Исмоилзода мегӯяд, ки бо истифода аз имконияте, ки Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, муассисаҳои илмӣ  ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ  дар истеҳсолот кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ  намоянд, зеро ҷаҳони муосири саноат ва истеҳсолот технологияҳои навтарини замонавӣ талаб менамояд. Дар ин росто, ба ихтироъкорон зарур аст, ки ихтирооти наве эҷод намоянд, то кишвари мо ҳамқадами замона бошад. Эҷоди технологияи муосир ба ихтирооти нав эҳтиёҷ дорад.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ  ва равандҳои инноватсионӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2021 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст