Маъмурияти дипломатии Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Абдулазиз Камилов ба саҳми шахсии Сафир дар рушди пайдарпайи ҳамкории созандаи ду кишвар баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бадастомада баррасӣ шуданд.
С.Имомӣ дар навбати худ барои кумаки ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон изҳори сипос намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






