Мигел дар бораи суруди «Зани Рус»-и Манижа: «Вақте ки бори аввал онро шунидам, гиряам омад»
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коргардони рус, балетмейстер, сароянда, филмсоз, мураббӣ ва узви ҳакамони шоуи «Рақсҳо» дар ТНТ Мигел (номи аслиаш — Сергей Мигелевич Шестепёров) зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Газета.ru» суруди Манижа «Зани рус» -ро, ки бо он дар «Евровидение-2021» баромад хоҳад кард, баррасӣ намуд.
Сароянда Манижа бо суруди «Зани рус» Россияро дар озмуни «Евровидение-2021» моҳи майи соли 2021 муаррифӣ хоҳад кард. Вай ғолиби интихоби миллӣ гардид. Ин суруд мавриди интиқоди бархе, аз ҷумла мансабдорони баландпоя қарор гирифт. Ва муфаттишони Москва пас аз муроҷиати АНО «Ветеранские вести» санҷишро шурӯъ карданд.
«Рости гап, ман умуман намефаҳмам, ки чаро ҳама исён карданд. Ин даҳшатнок не, балки муқаррарист. Ин вазъест, ки асосан ҳамаи мо дар он зиндагӣ мекунем. Намефаҳмам, чаро ҳама инро муҳокима мекунанд. Ё мо эҳсос кардем, ки қудрат дорем ба чунин корҳои хурд даст бизанем. Аммо ин ҳама бароям аҷиб менамояд”, — гуфт Мигел.
Вай афзуд, ки худи ӯ ба эҷодиёти сароянда муносибати олӣ дорад. Дар яке аз барномаи лоиҳаи «Рақсҳо» духтарон бо либоси сиёҳи оббозӣ ва комбинезонҳои норинҷӣ дар сутунҳо зери оҳанги суруди Манижа «Зани рус» рақс карданд.
Вай инчунин эътироф кард, ки суруди «Зани рус»-ро дӯст медорад. «Ин суруд дар бораи модари ман аст. Вақте ки ман ӯро бори аввал шунидам, нолаву фиғон кардам. Ба ростӣ гиря кардам. Ин воқеан сурудест дар бораи зани рус. Ана, ҳамин гуна зани танҳои рус, ки «бархесту рафт». Ин воқеият аст. Аммо ҳақиқат, тавре ки мегӯянд, талх аст», — гуфт ҳунарпеша.
АКС аз манбаҳои озод








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






