Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона — шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
22 апрел дар Театри вилоятии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст» бизнес-форуми минтақавӣ баргузор гардид.
Дар кори бизнес-форум роҳбарони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии се вилояти ҳаммарз ширкат доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши минтақавӣ омодагии вилояти Суғдро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва муштарак баён дошт. Зикр гардид, ки ташкили ҳамоиши имрӯза баҳри тақвияти ҳамкорӣ заминаи воқеӣ гузошта, ҷонибҳоро итминон мебахшад, ки дар оянда баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз тамоми имконият истифода бурда шавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ дар фазои сулҳ ва дӯстона бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба муносибатҳои муштарак таҳким бахшида, барои зиёд шудани доду гирифти молу маҳсулот хизмат мекунанд.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






