Миёни Тоҷикистон ва Россия Созишнома оид ба системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу сурат гирифт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни ду кишвар дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда шуданд.
Сипас маросими имзои “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ” сурат гирифт. Созишномаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу ба имзо расониданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






