Николай Никулин директори Бонки Авруосиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Николай Никулин директори Намояндагии Бонки Авруосиёии рушд (БАОР) дар Душанбе таъйин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ ба ташкили кори маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории БАОР дар қаламрави Тоҷикистон машғул хоҳад шуд.
Николай Никулин соли 1964 таваллуд шудааст. Вай дар Омӯзишгоҳи ҳарбии лётчикҳо, Донишкадаи муҳандисони обёрии Тошканд, Донишкадаи сарҳадии Калининград ва Академияи Шимолу Ғарбии хидмати давлатӣ таҳсил кардааст. Аз соли 2001, пас аз адои хизмати ҳарбӣ, ӯ дар сохтори Хадамоти федералии гумруки Россия кор кардааст.
То ба БАОР омадан, вай ба ҳайси Намояндаи Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Беларус, сипас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Моҳи марти соли 2021 ба вазифаи директори БАОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Бонки Авруосиёии рушд (БАОР) — созмони байналмилалии молиявӣ мебошад, ки ба ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои иштирокчӣ: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Сармояи оинномавии БАОР 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бонк моҳи январи соли 2006 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар Алмаато аст. Саҳми асосиро дар портфели БАОР лоиҳаҳои дорои самараи ҳамгароӣ дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, рақамисозӣ, энергетикаи сабз, кишоварзӣ, саноат ва мошинсозӣ ташкил медиҳанд.
АКСИ: хадамоти матбуоти БАОР








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






