Оид ба ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 10, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  9 апрел  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар кори конференсияи ҷумҳуриявӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Хоҷаев, раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мурод Ёров, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юшуфшоҳ Яқубов, директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» Ҳотам Асозода, директори Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» Абдулло Хоҷаев, инчунин дигар донишмандони шинохта ва масъулини соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гардида, ҷиҳати ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ осорхонаҳои нав ва ба фаъолияти осорхонавӣ ҷавобгӯ бунёд гардиданд.

Иштирокчиёни конференсия масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолиро мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор доданд.

Ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ», «Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар таҳқиқ ва ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ», «Назаре ба таърихи сохтмони мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ», «Ҳулбук–меваи Истиқлол», «Нақши ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор дар рушди таъриху фарҳанги миллати тоҷик», «Мушкилиҳо дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ», «Ёдгориҳои археологии ВМКБ ва масъалаи ҳифзи онҳо (дар мисоли қалъаи Қаҳқаҳа, Ямчун ва петроглифҳои Лангар)», «Ҷамъоварӣ ва ҳифзи сиккаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» пешниҳод гардиданд.

Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги ниёгонамон нақши хеле муҳим ва калидӣ доранд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хона музейҳо, инчунин дигар ёдгориҳои меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ мавҷуд мебошанд.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорон ячанд пешниҳодҳо, аз ҷумла ҳарчи зудтар аз ҷониби мутахассисони соҳа омода намудани харитаи ёдгориҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дастраси роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо намудани он, баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба мавзеъҳо, ёдгориҳои арзишманд ва ҳудудҳои таърихие, ки то ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд ва дар он мавзеъҳо гузаронидани корҳои бостоншиносӣ ироа гардиданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки аз ҷониби баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳудуди мавзеъҳои дорои аҳамияти таърихӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки набояд чунин бошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрел Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ таҷлил карда мешавад.

Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 10, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли 2025 дар ҳар шаҳру ноҳияи Бадахшон коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад