Ғолибони бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Апрель 20, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 20.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сеюми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакатамон  хеле  ҷолиб   баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар нахустин бозии даври сеюм дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар майдони худ  дастаи «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Се голи мизбононро ҳамлагар Абдухалил Боронов ба  нишон расонид.  Дар бозии дигари даври севум  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дастаи меҳмон – КМВА «Помир»- и  шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Зимнан, ин сеюмин бохти  дастаи КМВА «Помир»  бо роҳбарии сармураббӣ Алиёр Ашӯрмамадов мебошад, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар бозии охирини  даври сеюм  дастаи футболи   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо дастаи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  сабқаташонро  бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима доданд. Ҳарду гол дар нимаи дуюми  рақобат зада шуд. Ба голи Абдусамад Самадов меҳмонон бо голи Амирҷони Фаррухзод посух доданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар садри ҷадвали мусобиқа дастаҳои  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, қарор доранд.

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври  чоруми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои  Лигаи олӣ 24-25 апрели соли равон баргузор мешаванд.

Чемпионати  Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – КМВА «Помир»  – 2:0

Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.

«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

Беҳтарин бозигари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 2 1 0 7-2 7
2 «Файзканд» (Восеъ) 3 2 1 0 4-1 7
3 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 1 2 0 5-3 5
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 0 1 1-1 3
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 0 1 2-3 3
6 «Душанбе» (Душанбе) 2 1 0 1 2-4 3
7 «Хатлон» (Бохтар) 3 0 2 1 2-3 2
8 «Равшан» (Кӯлоб) 3 0 2 1 1-2 2
9 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
10 КМВА «Помир» (Душанбе) 3 0 0 3 1-6 0

 

Голзанҳои пешқадам: Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3-тӯбӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 2 тӯб.

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

КМВА «Помир»  – «Душанбе»

«Истаравшан» – «Файзканд»

25-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Эсхата»

Апрель 20, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд