ШАКЛУ УСУЛҲОИ НАВИ ТОРУМОРИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОИРО ПАЙДО КАРДАНД. Дар Тоҷикистон машқҳои муштарак бо Россия анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар се тамрингоҳи Тоҷикистон машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Россия анҷом ёфтанд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дирӯз дар маросими ҷамъбасти натиҷаи машқҳо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо, Фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Россия генерал-полковник Александр Лапин, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Шералӣ Мирзо зимни суханронии худ тазаккур дод, ки дар ҷараёни тамринҳо талаботи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини қобилияти мудофиавии кишвар, таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ ва санҷиши самаранокии ҷангии ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ иҷро карда шуданд.
«Бисёр муҳим аст, ки дар ҷараёни тамрин мо шаклҳо ва усулҳои нави истифодаи неруҳоро барои торумор кардани гурӯҳҳои калони ҷиноӣ бо назардошти рушди воситаҳои ҷанг ва арзёбии таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи муосир пайдо кардем. Ба ташкили системаи ягонаи назорат ва ҳамкории ҳар як унсури гурӯҳи муттаҳидаи неруҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд», — гуфт Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистон ва Россия аз 19 то 23 апрел дар тарингоҳҳои Ҳарб-Майдон, Момирак ва Самбули вилояти Хатлон баргузор шуданд.
Дар тамринҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои Базаи ҳарбии 201-уми Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Ба тамринҳо то 400 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, танкҳои Т-72, мошинҳои ҷангии пиёда, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии «Град», «Ураган», дастгоҳҳои артиллерии «Карнавал» ва «Акация» сафарбар шуданд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳайати сарнишинони чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 аз усули «гардиши чархбол» истифода намуда, захираҳои расидаистодаи «гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ»-ро торумор намуда, системаҳои мушакии «Град», «Ураган» ва дастгоҳҳои артиллерии «Акация» «душманон»-ро ба «халтаи оташ» кашиданд ва онҳоро несту нобуд карданд.
ДАР АКС: маросими ҷамъбасти тамринҳо. Аксҳо аз манбаъҳои боз










Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






