Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи сохтмони роҳи нави оҳанро баррасӣ намуданд

Апрель 24, 2021 15:47

ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Душанбе вохӯрии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин», барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии «Ҳаштяк – Бекобод», электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани «Бекобод (Ӯзбекистон) — Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)», сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи «Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон)», зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи «Бекобод – Истиқлол» ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор  ба имзо расид.

 

АКСҲО аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2021 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд