«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Аз атрофи Сирдарё 4,5 метри мураббаъ партов бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Раҳмон Набиев, дар соҳили дарёи Сир ташаббуси «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат хабар медиҳад.
Дар иқдоми «Тозагии соҳил» зиёда аз 300 нафар устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, соҳили Сирдарёро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуданд, ки дар натиҷа ба партовгоҳи шаҳр 4,5 метри мураббаъ партов бароварда шуд. Ташаббуси «Тозагии соҳил» дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мунтазам роҳандозӣ мегардад, ки ҳадафаш ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.
АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






