20 май — Рӯзи ҷаҳонии метеорология. Шиори имсолаи он «Ченкунӣ барои саломатӣ» аст
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии метеорология, ки ҳамасола 20 май дар саросари дунё таҷлил мегардад, дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамоиши идона доир гардид. Директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода изҳор намуд, ки «20 май — Рӯзи ҷаҳонии метеорология ҳамчун солгарди имзои Конвенсияи Метрии соли 1875 қайд карда мешавад ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми метеорология басо бузург аст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метеорология дахолат надошта бошанд. Моҳияти ин рӯз барои метеорологҳои тамоми ҷаҳон, бешубҳа бузург аст, чунки ба имзо расидани Конвенсияи метрӣ марҳилаи нави рушди метеорологияи байналмилалӣ мебошад ва ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбат мегузорад».
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки вазифаи асосии метеорология ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа нигаронида шудааст, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа ва сайёра зарурат доранд, таъмин менамояд.
Тамоми соҳаҳоро — тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.
Имсол Рӯзи ҷаҳонии метеорология «ченкунӣ барои саломатӣ» ном гирифтааст. Ин мавзӯъ бо дарки муҳимияти ченкунӣ дар ҳифзи саломатӣ ва таъсиррасонии он ба некӯаҳволии ҳар нафари сайёра интихоб гардидааст.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти метеорологии Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода оид ба дастовардҳои соҳа дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метеорология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии «Тоҷикстандарт» имконият дорад, ки масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метеорология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд.
Фаъолияти метеорологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» солҳои охир густариш ёфта, озмоишгоҳҳои метеорологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти кишвар дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метеорологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.
Дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳаи метеорология оид ба аҳамияти соҳа ибрози назар намуданд. Дар охир мутахассисони соҳаи метеорология бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






