«BACTRIA FOOD-2021»-муаррифи иқтидори содиротии вилояти Хатлон

Май 26, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик вилояти Хатлон имкон дорад  ба яке аз минтақаҳои калидии содироткунандаи молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ  тоза ва хушсифат аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар табдил гардад.

Чунин зикр шуд дар Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021», ки 25 май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар бо ҳузури  муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Давлаталӣ Саид,  роҳбарияти вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии  муқими Тоҷикистон ва беш аз 200 нафар намояндагони корхонаю ширкатҳо, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ аз кишварҳои хориҷӣ-Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Россия, Беларус, Украина, Туркия, Гурҷистон, Қазоқистон, Литва  баргузор гардид.

Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ гузаронида шуда, ҳадафаш  муаррифии имконият ва иқтидори истеҳсолию  содиротии вилояти Хатлон, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти содирот, рушди тиҷорат ва дар маҷмӯъ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии тиҷоратии  «Bactria Food-2021» зикр намуд, ки «Форуми мазкур дар  доираи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии  содирот, диверсификатсияи маҳсулоти  содиротӣ ва содагардонии  расмиёти савдо баргузор гардида, рушди содирот, тақвияти   молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани  рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши ҳамкории тиҷоратии доираҳои соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ ва дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ тавассути муаррифии имконият ва молу маҳсулоти ватанӣ, ки ба содирот  нигаронида шудаанд, аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалист».

Давлаталӣ Саид афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконият ва иқтидорҳои мавҷудаи иқтисодӣ дар мавриди содироти молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои муваффақ дар кишт ва истеҳсоли он ба шумор меравад, қадамҳои муассир мегузорад.

Зикр шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани  заминаи содиротии мамлакат дар кишвар мақомоти салоҳиятдор -Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуда, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо фаъолият менамояд. Инчунин «Барноми давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1921-1925» қабул гардидааст. Ҳамзамон аз моҳи сентябри соли 2020 Тоҷикистон аввалин шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат таъкид кард, ки имконияту иқтидори содиротии вилояти Хатлон бо назарошти мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим  ва истеҳсолот калон аст. Зикр шуд, ки қисмати зиёди  молу маҳсулоте, ки дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад, аз нуқтаи гумрукии вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содирот  гардидааст. Ҳол он ки вилояти Хатлон- яке аз вилоятҳои калонтарин ва сернуфустарини Тоҷикистон бо кишварҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳаммарз буда, дорои роҳи оҳан ва дигар шоҳроҳҳои  бузурги байналмилалист.

Инчунин зикр гардид, ки ташкили инфрасохтори зарурӣ, марказҳои хизматрасонии логистикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати минтақавӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.  Дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ-Данғара, Кӯлоб ва Панҷ  фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 30 субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки барои амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳми арзанда доранд. Гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020-ум беш аз 308 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар 4 моҳи соли равон  ин омор ба 150 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 миллион доллар зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои  калидии иқтисодиёти Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 22,6 фоизро ташкил дода, 45,7 фоизи қувваи корӣ дар мамлакат дар соҳаи  кишоварзӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон  дар Форуми байналмилалии «Bactria Food-2021» Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни муаррифии имконияту иқтидори иқтисодию содиротии вилоят зикр кард, ки бо назардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51 фоиз, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63 фоиз,  пахта- 68 фоиз, сабзавот- 59 фоиз, аз ҷумла пиёз- 64 фоиз, полезиҳо- 78 фоиз, меваю ангур- 45 фоиз, гӯшт- 57 фоиз, шир- 51 фоиз ва моҳӣ- 71 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар вилоят 986 ҳазор тонна ғалладона, 277,2 ҳазор тонна пахта, қариб 1,5 миллион тонна сабзавот, 589 ҳазор тонна полезӣ, 209 ҳазор тонна меваҷот ва 108 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид.

Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 327 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ мавҷуд буда, тибқи ҳисоботи оморӣ, соли гузашта 6500 тонна лимӯ истеҳсол карда шудааст. Барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 55 сардхона бо ғунҷоиши 20 ҳазор тонна маҳсулот мавҷуд аст. Дар соҳаи чорводорӣ ба ҳолати 1 майи соли равон  зиёда аз 1 миллион сар чорвои калон ва 2,5 миллион сар моли майда парвариш гардида, масоҳати ҳавзҳои моҳипарварии вилоят 2155 гектарро ташкил медиҳад. Дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ шумораи оилаҳои занбӯри асал 62 ҳазор оиларо ташкил дода, минтақаҳои наздикӯҳии вилоят барои рушди занбӯри асал мусоид ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози экологӣ яке   аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад.

Раиси  вилояти Хатлон Қурбон  Ҳакимзода аз  соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратӣ  даъват намуд, ки ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, ки дар вилоят истеҳсол мегарданд, аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд. Қурбон Ҳакимзода баргузории нахустин  Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021» дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтарро  майдони бузург ва фарох  ҷиҳати муаррифии имконияти содиротии вилоят, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуд.

Дар Форум ҳамзамон роҳбари Намояндагии USAID Кит Симмонс, роҳбари Намояндагии созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиев, Президенти Донишкадаи  байналмилалии менеҷменти  Киев Ирина Тихомирова сухан карда, Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021»-ро қадами муассир  дар самти тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ маънидод  намуданд. Дар бахшҳои Форуми байналмилалӣ инчунин иштирокдорон –доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ масъалаҳои марбут ба рушди содирот, стандартҳои тиҷоратӣ оид ба маркетинг ва назорати тиҷоратии маҳсулоти кишоварзӣ,  дастовардҳо ва имконияти мавҷудаи содиротии Тоҷикистон, таҷрибаи  пешқадами кишоварзӣ,  тамоюлҳои ҷаҳонии талаботи сифат барои савдои меваю сабзавот, стандартҳои бехатарии  озуқавориро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Дар ҷараёни Форуми байналмилалӣ оид ба имконияти содиротии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021» аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва хушсифати «Bactria Food-2021», ки дар майдони 70-солагии водии Вахш ташкил гардида, дар он 30 намуди молу маҳсулоти кишоварзӣ гузошта шуда буд,  боздид намуданд.

Дар доираи Форуми байналмилалии тиҷоратии «Bactria Food-2021» созишномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони тоҷик ва ҳамтоёни хориҷии онҳо аз давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Россия, Туркия, Украина, Гурҷистон, Литва ба имзо расонида шуданд, ки тибқи онҳо аз вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба ин кишварҳо   маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева, нахи пахта, семент ва дигар молу маҳсулот содирот мегарданд.

         Марзия САИДЗОДА,
 Мақсудҷон МУҲИДИНҶОНОВ,
АМИТ «Ховар»,

 Душанбе-Бохтар-Душанбе

Май 26, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Акмолаи Қазоқистон муаррифӣ шуд
Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳои баланд медиҳад
Кишоварзони ноҳияи Файзобод 47 486 тонна картошка ва 13 428 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуданд
Дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 бозбинӣ ва баланд карда мешавад
СОХТМОНИ МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин масъала баррасӣ гардид
«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон, Чин ва Покистон дар Пекин масоили соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд
Байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар Чин иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030. Дар он се ҳадафи миллии эълоншуда чун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ИДМ ягона давлате аст, ки корхонаи истеҳсоли электробус дорад