Дар Душанбе маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки ҷаҳонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар Вазорати молия маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки ҷаҳонӣ барои ҷудо намудани маблағгузории иловагии “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми 21,2 млн доллари амрикоии грантӣ баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ – Намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.
Маблағгузории иловагӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат тавассути харидорӣ намудани ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, воситаҳои ташхиси COVID-19, таҳкими заминаи институтсионалии соҳа барои таъмини густариши бехатар ва самараноки ваксинаҳо, дастгирии системаи иммунизатсия ва таълими кормандоне, ки ваксинатсия мегузаронанд, пешбинӣ гардидааст.
Инчунин дар доираи Лоиҳа харид ва таҳвили таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла истгоҳҳо барои пуркунии оксигени адсорбсияи кӯтоҳдавра, харидории воситаҳои терапевтӣ барои табобати COVID-19 ва хариди ваксинаҳо бар зидди сурхак, паротити эпидемикӣ ва дигар сироятҳои мавсимӣ барои эҳтиёҷоти барномаи эмгузаронии нақшавӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар доираи гранти болозикр пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони хурдсол ва маъюб доранд, инчунин насби системаи иттилоотии кумакҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидорҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






