Дар Душанбе Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021» шурӯъ шуд

Май 20, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” бо иштироки намояндагони 26 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия оғоз шуд. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар намоишгоҳ муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбов, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА — Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасс, Донишгоҳи давлатии миллӣ-таҳқиқотии Мордовия ба номи Н.П.Огарева, Донишгоҳи давлатии политехникии Россияи Ҷанубӣ ба номи М.И. Платова, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази Шимолӣ (Донишгоҳи давлатии технологӣ) ва 4 филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон фаъолияткунанда иштирок намуданд.

Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка дар толори калони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он Д. Қодирзода– муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шведсов П.А. – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничиества»-и Федератсияи Россия, Иванов И.С. -директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничества» дар Душанбе ва Бурлко И Е. – котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандонест, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд.

Сипас, дар саҳни донишгоҳ мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничества» бо иштирокдорони намоишгоҳ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар ҷараёни намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас медоданд.

Ёдовар мешавем, ки Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021» 19-20 май дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон доир гардида, сипас, 22 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корашро идома медиҳад. Хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.

АКС аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд