Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд

Май 27, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Кӯдакон, ки ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи мо мебошанд, ба таваҷҷуҳу ғамхории хосса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, Пешвои миллат пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд». Ин нуктаро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем» доир шуд, баён дошт.

Маҳфили мазкур ба Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, бахшида шуд. Дар он як зумра шоирон, адибони бачагона, масъулони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҳамаи кӯдакону наврасонро ба рӯзи идашон муборакбод намуданд. Дар барнома зикр гардид, ки   имрӯзҳо кӯдакону наврасони даврони истиқлол хеле хуштолеъанд, ки ҳукумату давлат ҷиҳати хонишу фароғати онҳо шароити хубу арзанда фароҳам сохтаву онҳо дар фазои амну субот зиндагӣ доранд. Гуфта шуд, ки самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба кӯдакону наврасон аст, ки ҳамасола мактабҳои замонавӣ бо шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешаванд.

Дар қисмати фарҳангии барнома ҳунармандони наврас, хонандагони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, ҳунармандони театри «Лӯхтак» хотири меҳмононро шод гардониданд. Дар анҷом ба хонандагони фаъоли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола рӯзи аввали фасли тобистон — 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда  мешавад. Федератсияи байналмилалии занон бо баргузории ҷаласаи махсус моҳи ноябри соли 1949 рӯзи ҳифзи кӯдаконро муайян намуда,  ба хотири ҳимояи  ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдакон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид 1 июни соли 1950   Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Ин сана ҳамасола дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз эълони ин рӯз  зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас  мебошад. Бахшида ба ин ҷашн дар ҷумҳурии мо чбарномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ  доир мегарданд, ки ҳадафи онҳо ҷалбу таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти кӯдакону наврасон мебошад.

Май 27, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид