Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ ифтитоҳ шуданд

Май 20, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ /ДҲС/ дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардиданд.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

«Таъсиси дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод» ҷузъи навбатии системаи умумии ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Фаъолияти он ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории байниидоравӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ба Ҳукумати Амрико ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои дастгирии татбиқи ин ташаббус ва ҳамкорӣ дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос мекунем», — гуфт муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Насимҷон Раҷабзода дар маросими ифтитоҳи дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ.

«Фаъолияти барнома оид ба таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ бо сохтани бино ва таъмин намудани таҷҳизот маҳдуд намешавад. Барнома ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории фаромарзӣ, ки барои ҳифзи муваффақонаи марз заруранд, фаъолона саҳм мегузорад. Дафтарҳои ҳамкории сарҳадии дар «Пахтаобод» ва «Кудуклӣ» таъсисёфта аввалин дафтарҳое мебошанд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Бо ифтитоҳи онҳо  марҳилаи нави фаъолияти барномавӣ оғоз меёбад», — директори Шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатии Ҳукумати Амрико дар Душанбе гуфт Сита Фаррелл.

Намояндаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал зикр намуд, ки фаъолияти ин дафтарҳо ба таҳкими амнияти сарҳад ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

«Лоиҳаи таъсиси чунин дафтарҳо бунёди механизмеро дар назар дорад, ки тавассути он хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳамсоя метавонанд иттилооти стратегии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам фаромарзӣ табодул намоянд. Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тақвияти иқтидори дафтарҳои ҳамкории сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи худ доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2025 бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкории фаромарзӣ, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома хоҳад дод», — гуфт хонум Ашита Миттал.

«Дар шароити кунунӣ дафтарҳо воситаи тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ мебошанд. Ташаббуси кушодани дафтарҳои сарҳадӣ таъсиси механизми беназири мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Дар оянда ин дафтарҳо дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт», — гуфт муовини раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уткир Қодиров.

Таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар якчанд гузаргоҳҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ ба ташаккули заминаи ҳамкории минбаъдаи самарабахши байниидоравӣ ва фаромарзӣ, инчунин табодули иттилоот барои муборизаи самаранок бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ мусоидат мекунад. Дафтарҳо ҳамзамон ба густариши тиҷорати қонунии байналмилалӣ мусоидат мекунанд. То имрӯз 19 дафтар дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Қазоқистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии афюни афғонӣ, бо роҳи пурзӯр кардани иқтидори гузаргоҳҳои калидӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ»-и зербарномаи 1 «Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии терроризм»-и Барномаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешаванд. Ҷонибҳои манфиатдор дар ин лоиҳаи аввалини таъсиси Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ хадамоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, инчунин мақомоти назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазоратҳои корҳои дохилии ҳар як кишвари ширкаткунанда мебошанд.

Аксҳо аз намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ

Май 20, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвони форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид