Дар Москва хотираи шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро пос доштанд

Май 14, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Москва ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шоми поси хотир баргузор шуд. Дар барнома намояндагони зиёиёни эҷодкор ва илмии идораҳои дахлдори Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Россия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар ҳузури меҳмонони шабнишинӣ сухани табрикотӣ эрод кард. Зимни суханронии худ роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон иброз намуд, ки соли равон бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти 110-умин солгарди зодрӯзи шоир дар фазои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар баргузор хоҳад шуд ва ба ин муносибат дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде бахшида ба ин фарзанди бузурги халқи тоҷик доир мешаванд.

И.Сатторов таъкид кард, ки дар тӯли садсолаҳо сарзамини тоҷикон шоирон, нависандагон ва қаҳрамононро ба дунё овардааст, ки номҳояшон на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷику форс, балки адабиёти ҷаҳонӣ низ ҷовидон мондаанд.

«Замини ниёгони мо аз ибтидо яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги пешрафта ва арзишҳои зиндагиофар буд. Таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷикон боз аз ин лиҳоз нодир аст, ки дар тӯли асрҳо роҳи душвори ташаккулро тай намуда, ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст ва то имрӯз муҳити дарки арзишҳои инсонӣ — ростқавлӣ, ҷасорат, дурандешӣ, саховатмандӣ ва дӯстиро ташаккул медиҳад. Намунаи барҷастаи ин ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва нависандаи халқии тоҷик дар садсолаи XX Мирзо Турсунзода мебошад, ки дар рушди фарҳанг ва адабиёти халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст», — илова кард Имомуддин Сатторов.

ДАР АКС: Сафири ҶТ дар ФР И. Сатторов шоми поси хотирро ифтитоҳ мекунад

 Зикр гардид, ки фарогирии эҷодкоронаи анъанаҳои беҳтарини назми классикӣ ва халқии тоҷик, инчунин омӯзиши таҷрибаи устодони барҷастаи адабиёти кишварҳои бародар омилҳои муҳимтарини рушди бадеии М.Турсунзода, такомули маҳорат ва фарҳанги шоирии ӯ шуданд.

Инчунин Михаил Швидкой, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар назди меҳмонон сухан гуфт. Дар ҷараёни суханронӣ ӯ ҳамкории густаришёбандаи фарҳангӣ — башарии Тоҷикистон ва Россияро зикр карда, инчунин дар бораи нақши муттаҳидкунандаи шеър, алалхусус адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик нақл кард.

ДАР АКС: намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов.

Директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Павел Кузмин номаи табрикии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Яриловаро ба ҳозирин қироат кард.

Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, шоир, адабиётшинос, муаррихи рус ва тарҷумони адабиёти тоҷик Михаил Синелников дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ нақл кард.

Дар идома ба меҳмонони шоми поси хотир филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М.Турсунзода намоиш дода шуд, ки он дар ҳофизаи меҳмонон таассуроти дурахшон ва фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.

Ба меҳмонон барномаи фарҳангии дар асоси мероси ғании адабии М.Турсунзода таҳияшуда пешкаш карда шуд. Донишҷӯёни рус ашъори ӯро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд, инчунин санъаткорон сурудҳоро аз эҷодиёти ин шоири бузурги халқи тоҷик сароиданд.

Шабнишинӣ дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт ва меҳмонон тавонистанд фарҳанги ғании халқи тоҷикро пурра дарк кунанд.

                                АКСҲО: © Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Май 14, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Қазвини Эрон фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Фестивали мӯд-2025 баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин шоҳасари мадании мусиқии тоҷик чун мероси аҷдодӣ давоми асрҳо аз устод ба шогирд гузаштааст
Даҳаи дуюми моҳи май 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд
Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» байни наврасон гузаронида мешавад
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» 400 номгӯй китобҳои тозанашр аз Тоҷикистон пешниҳод шуданд
Китоби «Театр дар назди микрофон» ба нашр расид
Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ АКСҲО. «Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон- бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон»