Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои «Навобод» — 4 ва «Навобод» -5-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони манзилҳои нав барои оилаҳое, ки 7-8 майи соли равон бар асари офати табиӣ зарар диданд, бомаром идома доранд. Лоиҳаи манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав таҳия гардида, сохтмони таҳкурсии биноҳо оғоз гардидааст.
Тавре муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мусозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, бо кумак ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардидаи мавзеи мазкур масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид.
«Дирӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба оилаҳои зарардида 20 адад зарфҳои обгирии ғунҷоишашон 500 литра кумак карда шуд. Ҳамчунин барои пухтани нон 20 дона танӯр ба ҳар як оила дастрас ва насб карда шуд.Ҳатто дар рӯзи иди Саиди Фитр сокинони ноҳия ҷихати кумак ба оилаҳои зарардида ба ҳашари дастҷамьона баромаданд»,- афзуд Абдухолиқ Мусозода.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт ва 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор дошт.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Ҳамаи сокинони деҳаи зарардида (167 хонавода) ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуда, барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб гардидаанд, 30 хайма омода карда шуд.
Дар ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ, наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мутахассисони Кумитаи идораи замин ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доранд.
Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда гардида, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.














Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






