Дар Панҷакент бахшида ба 80-солагии шоири номдори тоҷик Лоиқ Шералӣ маҳфили «Ширу шакар» доир гардид

Май 20, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 80 сол пур гардид. Бахшида ба ин рӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар саҳни Кохи Лоиқ бо иштироки олимону адибон ва шахсиятҳои барӯманди мамлакат маҳфили «Ширу шакар» доир намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҳфили идона масъулини мақоми иҷроияи шаҳр, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва олимону адибон сухан гуфтанд.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода меҳмононро ба Панҷакенти бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҷашни устод Лоиқ Шералӣ ба марҳилаи таърихии  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадаву басо рамзӣ мебошад. Зеро Истиқлолу озодӣ ва шинохту гиромидошти ин неъмати бебаҳо дар эҷодиёти устод Лоиқ мақоми хосса дорад. Устод Лоиқ барҳақ тараннумгар ва вассофи истиқлоли кишвари азизамон ва сулҳу ваҳдат аст.

«Шеъри устод Лоиқ Шералӣ  намунаи возеҳи муборизаю талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани озодию истиқлол дар марҳалаи бунёди давлати мустақили миллӣ буда, ҷомеаи моро ба ягонагиву ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ, дўст доштани Ватан ва оину арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху суннат, мероси маънавии халқи тоҷик ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҳидоят менамояд»,- гуфт Абдухолиқ Холиқзода.

Устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX буда, бо ашъори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт. Вуруди Лоиқ Шералӣ ба адабиёт, агар аз як тараф, барои офаридани тасвирҳои нави шоирона, образҳои ҷолиб, қабои тоза пӯшонидан ба шеъри урён ва эҳёи суннатҳои фаромӯшшудаи ниёгон сабаб шуда бошад, аз ҷониби дигар, бо шарофати ӯ  на танҳо муҳтаво, балки дар мавзӯи шеъри солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи ХХ таҳаввули ҷиддӣ ба миён омад.

Пас аз зуҳури устод Лоиқ ба адабиёти солҳои шастум ва баъд, дар қатори навгониҳои дигари ба фазои адабӣ вориднамудаи ин фарди нотакрор образу симои модар низ ҷилои тоза ёфт, яъне образи модар боз ҳам самимитар ва заминӣ сурат пазируфта, ҳақиқати бадеии он ба ҳақиқати воқеӣ созгор омад…

Бино ба навиштаи адабиётшиносон, устод Лоиқ бо офаридани силсилашеърҳои ба модар бахшидаи худ дар адабиёти тоҷик Модарномаро асос гузоштааст, ки қаблан ин корро касе ба сомон нарасонида буд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҷое зикр намудааст, ки  «Лоиқи ҳанӯз ҷавон ба шарофати як шеъри ба модар бахшидааш бо тавсияи устоди бузурги каломи бадеъ Мирзо Турсунзода  бар хилофи муқаррароти он давра бидуни чопи ягон маҷмӯа  ба узвияти ин Иттифоқи бонуфуз пазируфта шудааст. Устод Лоиқ тавонистааст дар ин шеър симои ҷовидонии модари тоҷикро офарад, модареро, ки бо сад умеду ормон барои фарзанди худ ҷомаи домодӣ медӯзад, то рӯзи тӯй онро дар қади фарзанд дида, армон бишканад, модареро, ки ҳама умр нахӯрдаву напӯшида, фарзанди худро ба сад ранҷу азоб парвариш додааст ва дар дами пирӣ ҳам дурахши охирини чашми худро барои субҳи фардои фарзанд эҳдо месозад».

Модарномаи устод Лоиқ шомили  42 шеър ва чанд рубоиву дубайтӣ мебошад, ки дар маҷмӯаи «Дасти дуои модар» (Душанбе, Адиб, 1991) низ мураттаб гардидааст. Дар тамоми шеърҳои ин маҷмӯа симои модар ҳамчун зане, ки заҳмату азоб ва дарду ранҷу душвориҳои зиндагиро паси сар намуда, худ нахӯрдаву фарзандро хӯронда, бо сад умеду ормон калон карда, сипас ӯро ба ҷустуҷӯи қисмат ба гӯшаву канори олам гуселондааст, падидор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Шералӣ  20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори  Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби деҳа ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро хатм мекунад. Баъд ба факултаи таъриху филологияи (Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко) дохил шуда, онро соли 1963 хатм мекунад.

Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, 1965-1966- ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975- мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991- мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Шоири номдори тоҷик 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Ҳоло чандин мактабу маҳаллаву муассиса номи шарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.

Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёт бо чандин ордену медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд. Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин Лоиқ унвони давлатии Шоири халқии Тоҷикистонро сазовор гардида буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод Ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.

Шеърҳои баландмазмуни Лоиқ Шералӣ мунтазам дар саҳифаҳои  матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёгон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба  80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ рӯзҳои наздик  Нашриёти «Адиб» китоби «Девони ҷавонӣ»-и устодро ба нашр мерасонад, ки дар он ашъори ба ҷавонӣ ва шубоб бахшидаи шоир гирд оварда шудаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: аз саҳифаи расмии МИҲД шаҳри Панҷакент дар фейсбук

Май 20, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид