«ДЕВОНИ ҶАВОНӢ». Таҳти ин унвон нашриёти «Адиб» ба шарафи 80-солагии Лоиқ Шералӣ китоб ба нашр мерасонад

Май 20, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 80 сол пур мешавад. Нашриёти «Адиб» ба ин муносибат китоби «Девони ҷавонӣ»-и шоирро ба нашр мерасонад, ки дар он ашъори ба ҷавонӣ ва шубоб бахшидаи устод гирд оварда шудааст.

Тавре аз Нашриёти «Адиб» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар китоби мазкур гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсият ва шеъри устод Лоиқ Шералӣ ба сифати пешсухан оварда шудааст. Мураттибони китоби мазкур Одил Нозир, Бузургмеҳри Баҳодур ва Иброҳимҷон Дӯстализода буда, ин дастовезро ба солгарди зодрӯзи шоир бахшидаанд. Китоби «Девони ҷавонӣ»-ро рӯзҳои наздик аз мағозаҳои «Адиб» дастрас кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна аввал ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент, баъдан ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил мешавад ва донишкадаи мазкурро соли 1963 хатм мекунад.

Хотиррасон менамоем, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ҳадди ақал як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд.

Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.

Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Шоири номдори тоҷик 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.

Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёт бо чандин ордену медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин Лоиқ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро сазовор гардида буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.

Устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт. Вуруди Лоиқ Шералӣ ба адабиёт, агар аз як тараф, барои офаридани тасвирҳои нави шоирона, образҳои ҷолиб, қабои тоза пӯшонидан ба шеъри урён ва эҳёи суннатҳои фаромӯшшудаи ниёгон боис шуда бошад, аз ҷониби дигар, бо шарофати ӯ на танҳо муҳтаво, балки дар мавзӯи шеъри солҳои ҳафтод ва ҳаштодуми садаи ХХ таҳаввули ҷиддӣ ба миён омад.

Май 20, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад