Доир ба нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05 .05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» ҳамоиши ҷавонони соҳаи адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлия ва сохторҳои он, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки имрӯз ҷомеаи мамлакат ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад. Саҳми устувор ва мавқеи якдилонаи ҷавонони мамлакат зери роҳнамоии пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиноси мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои худ расида, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон иродаи қавӣ доранд.
Аз ин рӯ дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногун ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои онҳо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба мақсад мувофиқ мебошад
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои вобаста ба дастовардҳои соҳаи қонунгузории Вазорати адлия дар 30- соли соҳибистиқлолӣ, назорати раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, Истиклоли давлатӣ ва ҷавонон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.








««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






