«ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе фестивали филмҳои ҳарбӣ оғоз ёфт

Май 4, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе маросими ифтитоҳи фестивали филмҳои ҳарбӣ ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд. Дар он директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ҷомоати пойтахт ширкат варзиданд.

Фестивал бо намоиши филми «Фарзанди Тоҷикистон» -и коргардони Василий Пронин, ки соли 1942 дар ҷумҳурӣ ба навор гирифта шуда буд, оғоз ёфт. Ин нахустин филм дар бораи иштироки ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Филм моҳи январи соли 1943 ба намоиш гузошта шуда буд, он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар экранҳои бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин дар ҷабҳа намоиш дода мешуд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Колхозчиёни як рустои Тоҷикистон ҳамдеҳаи худ Ҳафизро ба сафи артиш гусел мекунанд. Дар ҷабҳа ӯ бо сарбози рус, зодаи Сибир Иван робитаи дӯстӣ пайдо мекунад. Ҳангоми фаъолияти иктишофӣ Иван ва Ҳафиз дар соҳили баҳр шоҳиди фуруд омадани десантчиёни немис мешаванд. Онҳо бояд ҳамяроқони худро огоҳ кунанд, аммо роҳ бурида шуда буд. Дар дараи санглох пинҳон шуда, ҷанги нобаробарро шурӯъ мекунанд, тирҳояшон тамом мешаванд. Ногаҳон Ҳафиз саночи холии дар болои сангҳо мондаи чӯпонҳоро мебинад. Ҳафиз онро дам карда дар зери пӯшиши Иван худро ба дарёи кӯҳ меандозад. Бо истифода аз саноч Ҳафиз шино карда. худро ба назди ҳамяроқонаш мерасонад. Дастаи шӯравӣ роҳи десантчиёни душманро қатъ ва онро маҳв мекунад. Ҳафиз дӯсти худро мебинад, ки аз захмҳои хӯрдааш дар ҳолати ҷон кандан аст ва дар назди ҷасади Иван қасам мехӯрад, ки интиқоми ӯро аз душман хоҳад гирифт.

ДАР АКС: лаҳзае аз филми «Фарзанди Тоҷикистон».

Филм дар бораи дӯстии ҷабҳавии фарзандони ду миллат — Ҳафиз ва Иван нақл мекунад. Ин ҳикоя дебочаи худро дорад, ки мутаассифона, тӯлонӣ аст ва тақрибан нисфи филмро фаро гирифтааст. Дар он манзараи гусели Ҳафиз ва Иван ба ҷабҳа нишон дода мешавад. Аммо агар рафтани Иван аз истгоҳи Сибири дур ба таври одӣ ва маҳдуд ба навор гирифта шуда бошад, пас дар саҳнаҳои видоъ бо Ҳафиз тафсилоти маишӣ ва этнографӣ аз ҳад зиёд дида мешаванд. Нимаи дуюми филм ба воқеаҳои ҷабҳа бахшида шудааст. Дар филм нақши асосӣ- нақши Ҳафизро ҳунарпешаи барҷастаи тоҷик, Ҳунарманди халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов иҷро мекунад. Ин филм, ки таърихи 78-сола дорад, санади мустанади рамзии синамоӣ аз давраи солҳои 40-ум аст. Он дар киностудияи «Тоҷикфилм» эҷод ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба навор гирифта шудааст, гарчанде ки он дар бораи воқеаҳои ҷанг бо фашистон дар Туапсе, ҳудуди Кишвари Краснодар ривоят мекунад.

ДАР АКС: фестивали филмҳои ҳарбӣ дар Душанбе, 4 майи соли 2021

Сенарияи филмро шоири тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ навиштааст ва ин аввалин кори ӯ дар кино дар ҳамкорӣ бо драматургони шӯравӣ Евгений Помешиков ва Николай Рожков мебошад. Дар филм мусиқии Сергей Баласанян, ки аввалин операи тоҷикии «Шӯриши Восеъ» -ро навиштааст, истифода шудааст ва рақсҳоро асосгузори санъати балети миллӣ Ғаффор Валаматзода ба саҳна гузоштааст.

Дар фестивал, ки дар кинотеатри «Тоҳир Собиров», воқеъ дар бинои «Тоҷикфилм» баргузор мешавад ва то 7 май идома хоҳад ёфт, филмҳои дар «Тоҷикфилм» банаворгирифта  аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ то солҳои 70-ум намоиш дода мешаванд ва пас аз намоиш вохӯрӣ бо тамошобинон ва мунаққидони филмҳо баргузор мешавад.

Дар тӯли ҳафта филмҳои ба наворгирифтаи филмсозони тоҷик намоиш дода мешаванд. Тамошобинон филмҳои солҳои 60-70-ум — «Ҳозирғоиб» -и Даниил Храбровитский, «Зане аз дур» -и Тоҳир Собиров, «Тобистони 1943» -и Маргарита Қосимова, «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ» (1975) -и Абдусалом Раҳимов, «Қиссаи маҳбаси Павиак» -и Суҳбат Ҳамидовро тамошо карда метавонанд.

АКСҲО: Sputnik / АМИТ «Ховар»

Май 4, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исфара ба оилаҳои зарардида кумак расонида шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Дар ноҳияи Кӯшониён ярмаркаи либоси мактабӣ доир шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво то 34+39 дараҷа гарм мешавад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Ба 70 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Стипендияи Раиси вилояти Хатлон дода мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Нахустин ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2021 доир шуд
Дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуд

Маводҳои таҳлилӣ