ФУТБОЛ. Бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз 30 апрел то 1 май бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ 4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов таъмин намуданд.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар – КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз дастаи артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард. Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар як бозии пуршиддат бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони дастаи футболи «Душанбе» Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо таъмин намуданд. Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 ғолиб омад. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро дар ин бозии ҷолиб Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои дастаи «Эсхата»-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 6-ум
6 май (Панҷшабе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Равшан» – «Хатлон»
«Истаравшан» – «Хуҷанд»
8 май (Шанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Кӯктош» – «Душанбе»
9 май (Якшанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Истиқлол» – КМВА «Помир»
«Файзканд» – «Эсхата»
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 5-ум
30 апрел (панҷшанбе)
«Хуҷанд» – «Кӯктош»
Голҳо: Дилшод Бозоров, 41 (1:0). Далер Ёдгоров, 68 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 90+2 (3:0). Тоҳир Малодустов, 90+3 (4:0).
Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд
«Хатлон» – КМВА-1:1
Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 67 (1:0). Комрони Мирзохон, 74 (1:1)
Варзишгоҳи «Пахтакор». Бохтар
1 май (шанбе)
«Эсхата» – «Истаравшан» – 2:3
Голҳо: Акобир Тураев, 23 (1:0). Ҷаҳонгир Сафаров, 36 (1:1). Мубинҷон Муминов, 59 (2:1). Отабек Каримов, 76 (2:2). Фирӯз Раҳматов, 90+1 (2:3).
Варзишгоҳи «Пахтакор». Хуҷанд
«Душанбе» – «Равшан» – 4:2
Голҳо: Алишер Эргашев, 13 (0:1). Муҳаммад Ризомов, 29 (1:1). Аваз Қамчинов, 51 (1:2). Изатулло Рузиев, 66 (2:2). Амир Мемари Манеш, 75 (3:2). Изатулло Рузиев, 87 (4:2).
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | Т | ФТ | Х |
| 1. | «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) | 5 | 3 | 1 | 1 | 11 | 3 | +8 | 10 |
| 2. | «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) | 4 | 2 | 2 | 0 | 4 | 1 | +3 | 8 |
| 3. | «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН) | 4 | 2 | 1 | 1 | 4 | 3 | +1 | 7 |
| 4. | «ДУШАНБЕ» (ДУШАНБЕ) | 4 | 2 | 0 | 2 | 7 | 9 | -2 | 6 |
| 5. | «КӮКТОШ» (РӮДАКИ) | 4 | 2 | 0 | 2 | 4 | 8 | -4 | 6 |
| 6. | «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) | 5 | 1 | 2 | 2 | 8 | 8 | 0 | 5 |
| 7. | «РАВШАН» (КӮЛОБ) | 5 | 1 | 2 | 2 | 4 | 6 | -2 | 5 |
| 8. | КМВА (ДУШАНБЕ) | 5 | 1 | 1 | 3 | 5 | 8 | -3 | 4 |
| 9. | «ХАТЛОН»(БОХТАР) | 4 | 0 | 3 | 1 | 3 | 4 | -1 | 3 |
| 10. | «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 | 0 |








ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. Имрӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ мекунанд
9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд
Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад






