ФУТБОЛ. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт

Май 31, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд, ки 29 май дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гашт, бо ҳисоби мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  бозиро бо ҳисоби 0:2 мебохт, вале ташаббус ба даст гирифта, тавонист дар охири дидор бозиро мусовӣ кунад. Дар ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Эҳсони Панҷшанбе ва Ислом Зоиров ба нишон расониданд.
Ҳамчунин 24 майи соли равон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  Ироқ низ бозии рафиқона доир кард, ки бидуни гол  (0:0) ин сабқат хотима ёфта буд.

Мавриди зикр аст,ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Дубай то 3 июн мемонад ва баъдан барои анҷом додани ду бозии боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» муқобили  дастаҳои мунтахаби  Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба шаҳри Осакаи Ҷопон сафарбар мегардад.

Бозии рафиқона

Тайланд – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Муеанта Суфанат, 50 (1:0). Муеанта Суфанат, 58 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (2:1). Ислом Зоиров, 89 (2:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев (Зоир Ҷӯрабоев, 77), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Рустам Соиров, 46), Илҳомҷон Баротов (Шериддин Бобоев, 46, Парвизҷон Умарбоев, 72), Алиҷони Айнӣ (Ислом Зоиров, 46), Шаҳром Самиев.

Сардовар: Султон Муҳаммад Солеҳ (АМА).

29 май. Шарҷа, АМА. Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад.

                                                                                                          Акс аз ФФТ

Май 31, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд