Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона мераванд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона, ки то 31 август идома меёбад, фиристода мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мавриди зикр аст, ки аз 25 сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.
Тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.
Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.
Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2020 вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарор қабул намуд, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шаванд. Идомаи таҳсил аз 17 август оғоз гардид. Хушбахтона, аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, «таътили тобистона баъд аз аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ оғоз мешавад. Синфҳои якум аз 7 июн ва синфҳои 2 то 14 июни соли равон ба таътили тобистона фиристода мешаванд».
Мавсуф зикр намуд, ки дар таътили тобистона дар муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузории якчанд барномаҳои таълимию тарбиявӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки тибқи нақша миёни хонандагон барномаҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. Инчунин дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин Вазорати маориф ва илми мамлакат рӯйхати адабиёти бадеиро ба хонандагон тавсия намудааст, ки дар таътили тобистона хонандагон метавонанд мутолиа намоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуда, хонандагон дар онҳо ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва дигар озмунҳо ҷалб мешаванд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, тибқи ҷадвали тасдиқгардида омӯзгорон дар таътили тобистона ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд. Қисме аз омӯзгорон, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок меварзанд, бо онҳо машқу тамрин менамоянд.
Мавсуф зикр намуд, ки имсол бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо туҳфаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Ин қадрдонии Сарвари мамлакат масъулияти омӯзгоронро бештар намудааст, то шогирдони намунавӣ ва хушахлоқ тарбия намоянд.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои кӯдакон ва наврасон фаъолият дошта, дар вақти таътил дар онҳо ба таври ройгон дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲ аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ва манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд






