Имрӯз дар Тоҷикистон иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир шуд.
Дар брифинги мазкур сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар давоми рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ, ки аз имрӯз оғоз шуд, тақрибан 1.4 миллион кӯдакони Тоҷикистон зидди бемории фалаҷ эм карда мешаванд.
Ба волидайн ва парасторон тавсия дода мешавад, ки то 5 июни соли равон вояи якуми ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷро ба фарзандони худ қабул намоянд.
Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дигар шарикон дар доираи Ташаббуси глобалии маҳви бемории фалаҷ (GPEI) гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории асосии баргузории рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синни то 5 сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Барои гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ дар давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СУТ 4.6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он дар ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
Тавре намояндаи СУТ дар Тоҷикистон, доктор Виктор Олшавский иброз дошт «Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ кӯдакро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд. Ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир буда, барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст. СУТ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд».
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






