«Истиқлол» пас аз роҳ ёфтан ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз чемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки ғолиби гурӯҳи «А» -и Лигаи чемпионҳои AFC-2021 шуда, роҳхат ба марҳилаи 1/8-финалии мусобиқаро ба даст оварда буд, ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва мухлисони сершумор пешвоз гирифтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шаш бозӣ гузаронида, се ғалаба ба даст овард. Чемпиони Тоҷикистон бо даҳ имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб карда, ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 баромад. Акнун дар даври плей-офф дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Персеполис» -и Эрон бозӣ хоҳад кард.
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
«Истиқлол» (Тоҷикситон – АГМК (Ӯзбекистан) – 1:2
Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1). Йован Ҷокич, 79 (0:2). Рустам Соиров, 87 (пен) (1:2).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Муҳаммаҷон Раҳимов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷураев, 81), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Ҷалилов.
«Ал-Ҳилoл» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А»
Даври 5-ум
«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 4-ум давр
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).
Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1
Лигаи чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)
«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)
Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 2-юм давр
АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 6 | 3 | 1 | 2 | 10-8 | 10 |
| 2 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 6 | 3 | 1 | 2 | 11-9 | 10 |
| 3 | «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) | 6 | 2 | 1 | 3 | 6-6 | 8 |
| 4 | АГМК (Ӯзбекистон) | 6 | 2 | 1 | 3 | 9-13 | 7 |








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






