Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо — «Kazan Grand Slam 2021» муайян шуданд

Май 5, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қазони Россия Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо- «Kazan Grand Slam 2021» оғоз  гардид, ки он  то 7 май идома  меёбад. Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарони шинохтаи  тоҷик  Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, инчунин дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» иштироки 459 нафар варзишгарон (279 мард ва 180 зан) аз 82 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.  4  май дар шаҳри Қазони Россия маросими қуръакашии мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд.

-60КГ | Даври 1 | Абумуслим Қаюмзода vs Роберт Мшвидобадзе (Россия)

-60КГ | Даври 1 | Шаҳбоз Саидабуроров vs Родриго Коста Лопес

-66КГ | Даври 2 | Алиҷон Сафаралиев бо ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) — Артур ТЕ (Қирғизистон)

-66КГ | Даври 2 | Баҳром Суфиев vs Айюб Элидриси (Қатар)

-73КГ | Даври 2 | Сомон Маҳмадбеков vs Ҷалолиддин Бойназаров (Ӯзбекистон)

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Морад Земури (Қатар)

-90КГ | Даври 1 | Комроншоҳ Устопириён бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)

Қуввасанҷиҳо аз 5 то 7 май баргузор мешаванд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи якум (5-уми май):

Оғоз: 10:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -48kg, -52kg, -57kg

Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (6 май):

Оғоз: 11:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -63, -70kg;

Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (7 май):

Оғоз: 11:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -78, +78kg

Мардон: -90, -100, +100kg

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз дода мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо «Kazan Grand Slam 2021» охирин мусобиқаи Grand Slam пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2021 мебошад.

 АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Май 5, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад