РОҲ БА СӮИ СИФАТ ВА ЗЕБОӢ БЕОХИР АСТ! Имрӯз кормандони мақомоти «Тоҷикстандарт» иди касбӣ доранд
ДУШАНБЕ, 25.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат иди касбии кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Соли 2014 вакилони Палатаи поёнии Парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 25 май иди касбии кормандони мақомоти мазкур ҷашн гирифта мешавад.
Мавриди ёдоварист, ки моҳи октябри соли 1929 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин маротиба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — палатаи ченаку вазн ташкил ёфт. Баъдтар, ин як шуъбаи хурди санҷишӣ дар давоми мавҷудияти худ дар давраҳои Шӯравӣ пайваста рушд ёфта, то солҳои 90-ум аллакай ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на танҳо дар Душанбе, балки дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷузъҳои худро таъсис дода, фаъолият мекард.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.
Имрӯз «Тоҷикстандарт» имкон дорад, масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд.
Пайванди занҷираҳои ҳамкорӣ
Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонӣ дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Алҳол Агентии мазкур аъзои созмонҳои байналмилалии стандартизатсия (ИСО), Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС), аъзо — корреспонденти Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML)), аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), аъзои Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) маҳсуб мешавад, ки ин мояи ифтихор аст.
Кафолатгари ҳифзи беҳдошти ҷомеа
«Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти назоратӣ ва санҷишгари риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон бевосита дар ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма мебошад.
Алҳол дар Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон — Хуҷанд ва Бохтар, инчунин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар, назири Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Рашт, Шаҳритус, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат ва Ҷиргатол марказҳои ташхисии минтақавӣ созмон дода шудаанд. Ин марказҳо ҳамзамон дар татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва низомномаи Агентии Тоҷикстандарт фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Инчунин озмоишгоҳҳои ташхисии бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашуда фаъолият доранд.
Дар давраи фаъолияти «Тоҷикстандарт» заминаи моддӣ-техникии он хеле тақвият ёфт, он имконият медиҳад, ки талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба қадри кифоя пурра таъмин шаванд.
Рисолати асосии кормандони «Тоҷикстандарт» ва мақомоти он дар минтақаҳо аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои меъёрӣ дар кишвар ба назорат гирифта ва ба танзим дароварда шаванд. Ё худ босифат кор намудан, хушсифат маҳсулот истеҳсол кардан, хизмати хуб расонидан, ба рақобат тобовар намудани маҳсулоти ватанӣ, маҳаки асосии фаъолияти ҳайати кормандони Тоҷикстандарт аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси вазифаи ба зиммаи Тоҷикстандарт гузошташуда, ин ниҳод низоми стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсикунонӣ ва ба танзим даровардани қоида ва меъёрҳои савдоро дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидории мамлакат амалӣ мегардонад. Амалӣ гардидани чунин иқдомҳо барои тавсеаи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифатнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти худӣ заминаҳои мусоид мегузоранд, зеро роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир аст.
АКСҲО аз Агентии «Тоҷикстандарт»









БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






