Россия мехоҳад иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон пурра барқарор кунад
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки 19 май дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони СААД дар Душанбе баргузор шуд, ба мавзӯи барқарор кардани парвозҳои мунтазам дахл кард, менависад хабаргузории россиягии «Спутник».
«Мо мехоҳем ҳарчи зудтар зичӣ ва ҳаҷми иртиботи мунтазами ҳавоиро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия таҳсил мекунанд. Онҳо тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд», — иброз дошт Лавров.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел Россия иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон, ки баҳори соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, барқарор кард.
Аз Душанбе ба Москва танҳо тавассути роҳи ҳавоӣ рафтан мумкин аст, зеро сарҳадҳои заминӣ ҳанӯз ҳам бастаанд.
То имрӯз ду ширкати ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Москва — «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон (рӯзҳои сешанбе) ва «ЮТэйр» -и Россия (рӯзҳои ҷумъа) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, айни замон ҳар рӯз ба шаҳрҳои гуногуни Россия, аз ҷумла Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Сочи, Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Красноярск, Краснодар ва ғайра аз 8 то 10 парвози чартерӣ сурат мегиранд.
Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ омодагии худро барои афзоиши шумораи парвозҳо ва арзон кардани арзиши чиптаҳо эълон карданд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






