Сафари Намояндаи махсуси ИА Питер Буриан ба Тоҷикистон ба анҷом расид

Май 26, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, сафир Питер Буриан дар давраи аз 17 то 23 майи соли 2021 аз Тоҷикистон боздид кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳангоми сафари ҳарсолааш ба Душанбе, сафир Питер Буриан бо якчанд нафар вазирон, намояндагони шарикон оид ба рушд ва ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо роҳбарони намояндагиҳои ИА ва сафирони дигар, аъзои ҷомеаи дипломатӣ ва ҷомеаи маҳаллии шаҳрвандӣ мулоқоти созанда баргузор кард.

Муҳокимаҳо бо муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар бахшҳои асосии иқтисоди «сабз», рушди башарӣ, маориф, тандурустӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ бахшида шуда буданд.

Ҷонибҳо инчунин ислоҳоти татбиқшаванда ва имконияти минбаъдаро барои таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла аз тариқи механизми GSP + ва рушди устувори сайёҳиро баррасӣ карданд.

Бо муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва алоқа, инчунин масоили захираҳои об ва энергетика ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Вазъи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ бо вазири молия ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Гузашта аз ин, Буриан инчунин бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқоти муштарак баргузор намуд ва зимни он ҷонибҳо дар маҷмӯъ ҳамкории мутақобиларо байни ИА ва БҶ дар самти дастгирии рушди устувори «сабз», субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.

Ҳамкории минтақавӣ, субот ва амният, инчунин дар маркази муҳокимаҳо бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндаи минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат, намояндаи минтақавии Дафтари Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Индрика Ратватт ва намояндаи минтақавии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ашита Миттал қарор доштанд.

Зимни суҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин перомуни ҳамкории мутақобила, инчунин таҳаввулоти охири минтақа  бо таъкид ба амният ва субот, аз ҷумла дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Сафир Буриан кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистон ва Қирғизистонро барои коҳиши фаврии шиддат ва идомаи гуфтушунидҳои дипломатӣ оид ба ҳалли сиёсии масъалаҳои марзӣ ситоиш кард ва бори дигар омодагии ИА-ро барои дастгирӣ тасдиқ кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ омодагии Тоҷикистонро барои мизбонии нишасти навбатии вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе охири соли равон тасдиқ кард.

Сафир Буриан нақши мусбати ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон дар давраи хуруҷи пандемия зикр кард, ки ба нарм намудани таъсири манфии он ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат кард. Бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ӯ дар мавриди лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешаванд ва ба ҳалли масъалаҳои рушди устувор, аз ҷумла зӯроварии гендерӣ равона шудаанд, табодули афкор кард.

Вай иқтидори бузурги ташкилотеро, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумат кор мекунанд, дар пешбурди ислоҳоти соҳавӣ ва расонидани кумак ва хидматҳои аввал ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ таъкид кард.

Ҷаласаи минтақавии Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар охири соли равон дар Алмаато баргузор мешавад ва барои табодули таҷриба дар сатҳи минтақавӣ имкони хуб хоҳад буд, иттилоъ додааст намояндагии ИА дар Тоҷикистон.

МАЪЛУМОТНОМАИ МО:

Иттиҳоди Аврупо 27 кишвари узвро муттаҳид мекунад ва бузургтарин донор дар ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон ҳиссаи асосии кумаки дуҷонибаи ИА -ро дар Осиёи Марказӣ дарёфт мекунад: 251 миллион евро дар солҳои 2014-2020. Дар ин давра, ҳамкорӣ дар соҳаи рушд байни ИА ва Тоҷикистон се бахши асосиро фаро гирифтааст: маориф (бо таваҷҷуҳ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва омодасозӣ), тандурустӣ (бо ҳадафгирии кумаки аввалини тиббӣ, беҳдоштӣ ва маблағгузории тандурустӣ) ва рушди минтақаҳои кишоварзӣ (ба шумули дастгирии ислоҳоти кишоварзӣ, соҳибкорӣ дар деҳот, ислоҳот дар соҳаи обёрӣ ва бахши об, инчунин мусоидат ба кори  мудирияти захираҳои табиӣ). ИА инчунин ислоҳоти кишварро дар соҳаи низомҳои мудирият, сиёсати тиҷоратӣ ва мудирияти молиёти давлатӣ дастгирӣ мекунад.

Илова бар ин, Тоҷикистон кумаки минтақавӣ ва мавзӯӣ дар соҳаҳои мудирияти сарҳадот, назорати маводи мухаддир, таҳсилот, демократия ва ҳуқуқи инсон, сохторҳои ғайридавлатӣ, энергетика, нақлиёт, рушди корхонаҳои хурду миёна, сулҳ ва субот, захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти ҳастаӣ дарёфт мекунад. ИА дар Тоҷикистон аз соли 1992 ба инҷониб фаъолият мекунад ва бо додани грантҳо ба маблағи тақрибан 35 миллион евро дар як сол ба рушди кишвар кумак мекунад.

Намояндагони махсуси ИА сиёсат ва манфиатҳои ИА-ро дар минтақаҳо ва кишварҳои гирифтори мушкилот пеш мебаранд ва дар талошҳо дар самти таҳкими сулҳ, субот ва волоияти қонун нақши фаъол мебозанд. Питер Буриан 15 апрели соли 2015 ба вазифаи Намояндаи махсуси ИА барои Осиёи Марказӣ таъйин шуда буд.

Ба ин вазифа таъйин шудани ӯ аз идомаи ҳамкории доимии ИА бо Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад ва иштироки фаъолро дар ҳамкории мутақобилаи мо дар масъалаҳои калидии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ба шумули волоияти қонун, амният, энергетика, об ва ғайра, маориф ва ҳуқуқи инсон таъмин менамояд.

                                                              АКС:  Намояндагии ИА дар ҶТ

Май 26, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»