«Шеъраш чун дилаш соф аст», «Мо ангуштони як муштем»,- шарҳи матбуот

Май 20, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти  даврии кишвар рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 98(24 205), чоршанбе 19 майи соли 2021 дар радифи нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои мамлакат таҳти унвони «Чу узве  ба дард оварад рӯзгор…», «Хатлон бурузи ҳамдилии умумимиллӣ дар муқобили офатҳои табиат» мақола чоп намудааст, ки дар он гуфта мешавад: «Баъд аз сар задани офат, фавран, дар деҳоти «Ифтихор» — и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои эъмори 20 хона дар қитъаҳои замини навҷудошуда масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуд. Ба иттилои Ҳабибулло Шамсов, намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масолеҳи сохтмонӣ аз 300 тонна семент, 60 тонна арматура, 300 мукааб тахта ва 3 ҳазор дона шифер иборат мебошад. Хаймаҳое, ки барои зисти муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, ба манзилгоҳи ояндаашон кӯч дода шуда, бо қувваи барқ таъмин гардиданд. Барои сокинони маҳаллаи нав хати оби нӯшокӣ низ кашида шуд. Аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша хӯрокворӣ, асбоби рӯзгор, маводи гигиенӣ ба ҳар оила расонида шуд. Аз ҷумла, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои зудтар ба ҳаёти осоишта баргаштани сокинони зарардида ба шаҳри Кӯлоб корвони мошинҳои пур аз ёрии башардӯстона фиристод.  Фалокате, ки бархе аз оилаҳои шаҳри Кӯлоб ба он мувоҷеҳ шуданд, роҳбарияти ширкати «Рушди Хатлон» — ро низ бетараф нагузошт. Онҳо барои бунёди хонаҳои нав 100 тонна семент интиқол намуданд».

Ҳамзамон дар ин шумора мақолаи Абдулқодири Раҳим  бо номи «Ҳарф бизан, баҳорам» нашр гардидааст, ки он ба рӯзгори яке аз чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик- адиб Сайф Раҳимзод бахшида шудааст. Сайфе, ки 21 сол муқаддам -20 майи соли 2000 аз дасти қотиле бо туфанг ба қатл расонида шуд. Дар мақола муаллиф нигоштааст, ки «ман пас аз марги Сайф, Сайфи Раҳимзод, бори дигар бовар ҳосил кардам ва мутмаин гардидам, ки ҳамаи шахсиятҳои асил, на дурӯғин, нависандагони воқеан боистеъдод, хидматгузорони содиқи адабиёт, дӯстдорони инсонҳои ҷаҳон ду рӯзи таваллуд доранд. Рӯзи таваллуди нахустини ӯ 20-уми ноябр, 20 — уми ноябри соли 1953 аст. Рӯзи таваллуди дигар ё худ дуюмаш 20 май, 20 майи соли 2000 мебошад. Рӯзҳо, тавре бармеоянд, яканд: ҳар ду бистуманд, аммо моҳҳову фаслҳову солҳо фарқ мекунанд. 20 — уми май душманони ин адиб, адабиёт ва миллат ӯро гӯё бо силоҳи оташфишон ба қатл расонданд, аммо диданду дарёфтанду эътироф  (ба дил, албатта) намуданд, ки барояш умри дубора бахшиданду шуҳраташро бештар аз пештар афзуданд. Инак, аз он рӯз, ки ба ҳар ҳол даҳшатбор ва талафоти адабиёту миллат маҳсуб мешуд, ҳолиё 21 сол мегузарад. Дар гӯшам боз, балки тамоми вуҷудам, овози ҳамсараш, апаи Зебо, ки андак ҳузн ҳам бо худ дорад, самимона ва як навъ даъвати сидқӣ, мерасад: Ду рӯз, махсусан, ин ду рӯз: 20-уми май ва 20-уми ноябр дари хонаи мо, дастархонамон ба рӯи ҳамаи дӯстони Сайф кушодааст. Тақлидро намеписандид. Мехост, ки мисли худаш бошад, ба касе монанд набошад. Зиндагияш низ ҳамин гуна буд. Ин ҳақиқат, аммо эҷодиёташ барои ҳамаи ҳаводорону хонандагонаш ва мутахассисони соҳа равшан ошкор аст. Ба адабиёт бо диди нав, сабку услуби хоси худаш омад, он ҳам устодона ва бо бовари комил. Ҳасад намебурд ва андӯҳгин ҳам намешуд, ки ба эҷодаш баҳои шоиста намедиҳанд ва қадраш намекунанд. Аз дастовардҳову қадрдониҳои дигарон аммо шод мегардид».

Ҳамзамон дар ин шумора хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд мақолаҳои хонданбобро, ба мисли «Чиптабизнес, кӣ бояд  пеши роҳи бесарусомониҳоро гирад?!», «Мо ангуштони як муштем», «Тасвири равшан»- чашмандозе ба зиндагӣ ва шеъри Мирзо Турсунзода мутолиа намоянд. Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2020 ба Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» чоп гардидааст.

«Садои мардум»-нашрияи Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси Олӣ дар шумораи 67 (4329) панҷшанбе, 20 майи соли 2021 доир ба  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озод намудани судяҳо, инчунин «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СААД», «Гуфтугӯи Пешвои миллат бо Анна Бйерде» хабару гзоришҳо интишор намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора аз ҷараёни иҷлосияи дуюми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал таҳти унвони «Маблағгузории иловагӣ баҳри рушди  нақлиёти ҷамъиятии пойтахт» таҳия намуда, пешкаши хонандагон намудааст. Инчунин ҳайати эҷодии нашрияи парлумонии «Садои мардум» мақолаҳои зеринро таҳия намуда, пешкаши хонандагони нуктасанҷ гардонидааст: «…Ба қалб чун навидҳо, ба гӯш чун саломҳо», «Оё СҲШ метавонад дар ҳалли қазияи Афғонистон саҳмгузор бошад?», «Шеъраш чун дилаш соф аст».

«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 19(20300) чоршанбе, 19 майи  соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии кишвар доир ба иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи  иншооти ҷашнӣ дар пойтахт — «Қасри бахт», меҳмонхонаи «Истиқлол» ва  корхонаи нави истеҳсолии «Ориё- Медикал» ва мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои Шӯрои вазирони  корҳои хориҷии СААД ва бо ноиби Президенти  Бонки ҷаҳонӣ хабару гузоришҳои расмӣ чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора хонандагони «Народная газета» метавонанд мақолаҳои зеринро мутолиа намоянд: «Творческая молодежь- интеллектуальный ресурс общества», «Россия готовить договор  о создании системы ПВО с Таджикистаном», «Политические фейки не на пользу таджикско-кыргызским отношениям», «Как должна  выглядеть наша национальная идея в ближайшем будущем?», «Вклад Республики Таджикистан в борьбе против терроризма и экстремизма в рамках ШОС».

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 20 (1314), чоршанбе, 19 майи соли 2021  доир ба ифтитоҳи  иншооти ҷашнӣ дар пойтахти кишвар –шаҳри Душанбе, назири  «Қасри бахт», меҳмонхонаи «Истиқлол» ва  корхонаи нави истеҳсолии «Ориё- Медикал», ки бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардиданд, гузориши муфассал интишор намудааст. Инчунин аҳли қалами «Минбари халқ» ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва 23 май- Рӯзи ҷавонон мақолаҳои пурмуҳтаворо таҳти унвони «Пешвое, ки гавҳараш нур аст», «Созандагони фардои Тоҷикистон» ва «Ҷавонон ва равандҳои ҷаҳонишавӣ» нашр намудаанд. Инчунин хонандагони нашрияи ҳизбии «Минбари  халқ» имкон доранд аз ин шумора мақолаю гузоришҳоеро, чун «Бунёдгузори иқтисоди миллӣ», «Шахсе аз табори хирадпешагон», «Решапайванд», «Таҳаммулпазирӣ пешаи миллати  тоҷик аст», «Бо бузургон мешавад ҳар халқ машҳури ҷаҳон» ва  «Ашк дар кино» -ро мутолиа намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 20, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 80 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Ҳайати Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
«ҶАҲОНИ ОЯНДА». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистону Чин ба намоиш гузошта шуд
Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШРАФТУ ПИРӮЗИИ МО. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
«КОРВОНИ КИТОБ». Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт китоб тақдим мегардад
БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД РАСИД! Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид
«СИМОИ ЗАН ДАР ЭҶОДИЁТИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид
27-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунанда ташкил гардидааст
Афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамошои Осорхонаи миллӣ омаданд
«СИ ҶИНПИН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ». Маҳфили китобдӯстони Тоҷикистону Чин дар Душанбе ба ин мавзуъ бахшида шуд