Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии /ИББ/ Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026) яке аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ, ки дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳайатҳои Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ-и Россия, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон, РСК «Банк»-и Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон иштирок намуданд. Ҳамзамон гурӯҳҳои кории Бонки давлатии рушди Чин, «Ҳабиб Бонк»-и Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории Ҳиндустон тариқи маҷозӣ ширкат карданд.
Муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода дар оғози ҷаласа зикр намуд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкории байнибонкӣ дар доираи СҲШ буда, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷо сайъ намоянд.
Зикр шуд, ки «Амонатбонк» омода аст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешистода тадбирҳои зарурӣ андешад.
Коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд, сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ва таҳкими ҳамкориро дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ намуданд.
Аксҳо аз БДА Тоҷикистон «Амонатбонк»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






